ИМКОНИЯТИ ВАСЕЪИ ПАРДОХТҲО ДАР ФУРУДГОҲҲОИ ПЕКИН
Фурудгоҳи “Beijing Capital International Airport” ва “Beijing Daxing International Airport” барои меҳмонони хориҷӣ усули нави хизматрасонии пардохтро фароҳам овард. Санаи 5-уми феврали соли 2024 ҳарду фурудгоҳи пойтахти Чин ба таври расмӣ минтақаи хизматрасонии пардохт барои шаҳрвандони хориҷиро фаъол намуд. Таҷҳизоти ин минтақа ба меҳмонон имкон медиҳад, ки хизматрасониҳои мухталифро ҳангоми пардохти харид, саёҳат ва хизматрасонии хӯрокворӣ, аз ҷумла бо истифода аз кортҳои бонкии хориҷӣ, пардохтҳои мобилӣ, пули нақд ва юани рақамӣ ба миён меоянд, амали намоянд.
Айни замон дар ду фурудгоҳҳои мазкур панҷ шӯъбаи бонкӣ, ҳафт нуқтаи мубодилаи асъор ва 24 банкомат фаъолият доранд. Кортҳои бонкии хориҷӣ аз ҷониби бештари мағоза ва нуқтаҳои фурушии фурудгоҳҳо қабул карда мешаванд.
Бонки марказии Чин дар охири соли гузашта хабар дода буд, ки бо мақсади фароҳам овардани фазои муносиби пардохт барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Чин қабули кортҳои бонкии хориҷӣ, васеъ намудани хизматрасонии пардохти мобилӣ ва истифодаи пули нақд андешидани ҷораҳои заруриро идома хоҳад дод.
Манбаъ: СИНХУА