КИТОБХОНАИ ФУРУДГОҲИ ТАЛЛИН
Моҳи марти соли 2023 Фурудгоҳи Таллин ҳамчун беҳтарин фурудгоҳи Аврупо эътироф гардид. Мусофирон инчунин фурудгоҳи Таллинро яке аз беҳтарин дарвозаҳои ҳавоии Аврупо номиданд.
Фурудгоҳ фазои муосир, тоза ва муассир дошта, ба мусофирон имкон медиҳад, ки зуд ба манзили худ бирасанд. Илова ба қаҳвахонаву тарабхонаҳои сершумор, дӯконҳои гуногуни тӯҳфаҳои хотиравӣ, Wi-Fi ройгон дар фурудгоҳ кӯдакон метавонанд дар майдони бозии “Lotte Village” фароғат намоянд, калонсолон бошанд, метавонанд дар тенниси рӯи миз рақобат кунанд ё дар дарвозаи Осорхонаи варзишӣ суръат ва чолокии худро санҷанд.
Ганҷинаи беҳтарини фурудгоҳ ин китобхонаи он мебошад, ки дар дарвозаи 1 вокеъ буда, мусофирон имкон доранд аз фонди китобхона китоби дилҳоҳи худро гирифта ҳангоми бозгашт ба Эстония онро баргардонанд. Агар мусофир китоби дилхоҳи худро дарёфт накард, метавонанд аз мағозаи китоби Аполлон, ки ҳамагӣ чанд метр дуртар аз китобхона ҷойгир аст, китоби дилхоҳи худро харидорӣ намояд.
Китобҳои китобхонаи мазкур тавассути хайрияҳо ҷамъоварӣ гардидаанд, ки бештари онҳоро Президент ва хонуми аввали кишвар туҳфа намудааст.
Пианинои “Эстония” дар фурудгоҳи Таллин ин як гушаи дигари диққатҷалбкунанда мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз