ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
Бонки Рушди АвруОсиё тасмим гирифтааст, ки харидории ду ҳавопаймои “Boeing 737”-ро бо маблағи 100 миллион долларии ИМА барои ширкати “Сомон Эйр” маблағгузорӣ намояд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти бонк хабар медиҳад.
***
Аз 1-ум то 2-юми феврал дар шаҳри Алмаато ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё баргузор гардид, ки дар он кишварҳои ширкаткунанда масъалаҳои кунунии ҳамгироии Авруосиё, аз ҷумла фаъолияти бозори дохилӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи нақлиёт, инчунин рушди тиҷорати электрониро баррасӣ намуданд.
***
Дар Идораи авиатсионии Қазоқистон ҷаласаи нахустини Комиссияи байниидоравии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба амнияти авиатсионӣ бо иштироки ҳайати нав баргузор гардид, ки ба масъалаҳои амнияти авиатсионӣ, таҳияи тавсияҳо ва баррасии самаранокии чораҳо оид ба муқовимат ба дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Қазоқистон равона карда шуд. Ҳамзамон масъалаҳои таъсиси хадамоти ягонаи амнияти авиатсионӣ дар фурудгоҳҳои кишвар ва омодагии Қазоқистон ба аудити дарпешистодаи бехатарии авиатсионии ИКАО баррасӣ гардиданд.
***
Ширкати “РусЛайн” фурӯши чиптаҳоро тибқи ҷадвали тобистонаи соли 2024 оғоз намуд.
***
Ширкати “Nordwind Airlines” оғози парвози мустақимро аз Омск ба Қазон ва пойтахти Доғистон Махачқалъа дар баҳор пешбинӣ менамояд.
***
Ширкати “Smartavia” ҷоизаи Авруосиё дар соҳаи таъминоти сӯзишворӣ тибқи лоиҳаи сӯзишвории оқилона, ки аз ҷониби Газпромнефт-Аэро аз соли 2020 амалӣ мешавад, сарфароз гардид.
***
Ҳайъатҳои чархболҳои Ми-8 ва Ка-52 “Аллигатор”-и авиатсионии артиши пойгоҳи низомии Россия дар Арманистон парвозҳои омӯзиширо ба минтақаҳои баландкӯҳ анҷом доданд.
***
Ширкати “AZUR air” беҳтарин ширкати ҳавопаймоӣ дар бахши нақлиёти сайёҳии ҷоизаи “Skyway Service Award” эътироф гардид.
***
7-уми феврал ширкати “Qanot Sharq” парвозро аз Бухоро ба Ҷидда оғоз намуд.
***
Ширкати “Finnair” вазни мусофиронро дар фурудгоҳи Хелсинки пеш аз парвоз месанҷад, ки иқдоми мазкур моҳҳои феврал, апрел ва майи соли 2024 идома ёфта барои ҳисоб кардани баланси ҳавопаймо истифода мешавад.
***
Ширкати “Белавия” аз 22-юми март парвозҳои мустақимро аз Гомел ба Санкт-Петербург оғоз менамояд.
***
Ширкати “Россия” дар сомонаи расмии худ хизматрасонии нави ҷустуҷӯи бағоҷро таҳти унвони “BAGS поиск” фаъол намуд. Хизматрасонии мазкур ба мусофирон дар ҷустуҷӯи бағоҷ дар фурудгоҳҳои гуногуни кишвар ва ҳамчунин дар чанд кишвари хориҷ мусоидат менамояд. Дар айни замон хизматрасони дар 56 фурудгоҳи 4 кишвар, Россия Белорус, Ӯзбекистон ва Арманистон фаъол мебошад.
***
Бо мақсади содда намудани вуруди сайёҳон Россия ва Кореяи Шимолӣ санадеро омода менамоянд.
***
Тибқи эълони Вазири дифоъ Ричард Марлес ҳукумати Австралия бо ширкати “Lockheed Martin Australia” қарордодеро ба имзо расонд, ки нигоҳдорӣ ва таъмири чархболҳои низомии “Black Hawk”-ро ба маблағи беш аз 220 миллион доллари ИМА пешбинӣ менамояд.
***
7-уми феврал ширкати “Utair” 57-солагии хуро ҷашн гирифт.
***
Аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳии мусофирон ва хулосаи комиссия ширкати “Red Wings” дар номинатсияи махсус “Барои ҷори намудани техникаҳои соҳаи авиатсионии ватанӣ” ғолиб дониста шуд.
***
2-юми феврал ширкати “Air India” ду ҳавопаймои комилан нав A350-900 ва A320neo-ро харидорӣ ва ба фурудгоҳи байналмилалии Деҳлӣ Индира Ганди дастрас намуд.
***
Ширкати “Qatar Airways” парвози навро дар масири Доҳа-Ҷакарта оғоз намуд.
***
7-уми феврал аъзои Комиссияи сиёсати хориҷӣ ва ҳамгироии аврупоӣ хулосаи машваратӣ барои музокирот ва имзои тамдиди Созишнома байни Молдова ва Созмони аврупоии амнияти ҳавонавардӣ (Евроконтрол)-ро тасдиқ намуданд, ки тибқи он ба Молдова барои идораи ҳаракати ҳавоӣ 1,3 миллион евро чудо карда мешавад.
***
Ширкати “Белавиа” парвозро аз Витебск ба Шарм-аш-Шайх барқарор намуд.
***
(Манбаъ: “Қазаэронавигатсия” Fligh Global, AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, https://news.mail.ru/tag/306/)