АБУ-ДАБИ ТАҒЙИРИ НОМ КАРД
9-уми феврали соли 2024 “Etihad Airways”, ширкати миллии ҳавопаймоии Амороти Муттаҳидаи Араб номи фурудгоҳи худро аз “Abu Dhabi Аirport” бо “Zayed International Airport” (Фурудгоҳи байналмилалии Зайд) иваз намуд.
Арик Де, Сармутахассиси даромад ва тиҷоратии ширкати “Etihad Airways” бо ифтихору қаноатмандӣ аз саҳми босазои роҳбарии марҳум Шайх Зайд бин Султон Ал-Наҳаён ёдоварӣ намуда, аз ҷумла қайд кард:
“Мо аз хизматҳои шоёни асосгузори Аморати Муттаҳидаи Араб, марҳум Шайх Зайд бин Султон Ал-Наҳаён ҳамеша миннатдорем ва ифтихор дорем, ки фурудгоҳи мазкур ба шарафи ӯ номгузорӣ шуд”.
Ба ифтихори иваз гардидани номи фурудгоҳ таҷлил ва тӯҳфаҳои гуворо барои сайёҳон дар назар аст. Ҳамин тариқ, мусофирон метавонанд дар мағозаҳо, тарабхонаҳо, дӯконҳо ва қаҳвахонаҳо аз тахфифҳо ва пешниҳодҳои махсус баҳра баранд. Илова бар ин, дар рӯзҳои истироҳати оянда сайёҳон метавонанд аз баромади зиндаи сарояндагон лаззат баранд ва аз ҷониби бандари ҳавоӣ соҳиби тӯҳфаҳои махсус гарданд.
Ногуфта намонад, ки ин имконият аз 9-ум то 14-уми феврали соли 2024 барои мусофироне, ки аз 19-уми феврал то 15-уми июни соли 2024 чипта харидорӣ менамоянд, дастрас мегардад. Ёдовар бояд шуд, ки тавассути Фурудгоҳи байналмилалии Зайд 28 ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳоро амалӣ менамоянд. Илова бар ин фурудгоҳ метавонад дар як сол ба наздики 45 миллион мусофир хизмат расонад. Ин иқдом пас аз ифтитоҳи Терминали А дар моҳи ноябри соли 2023 амалӣ гардид. Терминал ҳамчун як иншооти азим, ки дар тирамоҳи соли 2023 кушода шуд, масоҳати 742 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегирад ва яке аз калонтарин терминал дар ҷаҳон мебошад. Тарроҳони байналмилалӣ кори меъморони терминали фурудгоҳро баланд арзёбӣ намуданд.