ПАРВАРИШИ АНГУР ДАР БОМИ ТЕРМИНАЛ
Пас аз чанд сол терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Флоренсия “Америго Веспуччи” ифтитоҳ мегардад, ки бо консепсияи ғайриоддии худ ҳамаро дар ҳайрат мегузорад. Студияи меъмории “Rafael Viñoly Architects” нақшаҳои ин терминали нави аҷиберо ошкор намуд, ки гавҳари воқеии меъморӣ ва навовариҳои Италия хоҳад буд.
Фурудгоҳ дорои масоҳати бузург 50,000 метри мураббаъ буда, имкон медиҳад, ки ҳар сол ба зиёда аз 5,9 миллион мусофирони байналмилалӣ хизмат расонад. Корҳои сохтмонӣ дар терминали фурудгоҳ дар ду марҳила анҷом хоҳанд ёфт: анҷоми марҳилаи якум дар соли 2026, марҳилаи дуюм – дар соли 2035 ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҳама аҷиби ин лоиҳа боми фурудгоҳ аст, ки дар он токзори воқеӣ бунёд мегардад. Масоҳати майдони токзор 7,6 га буда аз 38 қатори ток иборат мегардад. Лоиҳаи мазкур аҷиб, беназир ва ягона дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, истеҳсоли майи дар боми фурудгоҳ парваришёфта дар таҳхонаҳои махсусгардонидашудаи зери терминал омода карда мешавад. Ин омезиши аҷиб маҳсули анъанаҳои истеҳсоли шароби итолиёвӣ мебошад.
Табиист, ки нигоҳдории токзор як қатор мушкилиҳо, аз ҷумла системаҳои обёрӣ, заҳкашӣ ва тақсимоти вазнро пеш оварда, микроклимат дар бом аз шароити иқлими табиии токзор хеле фарқкунанда мебошад. Инчунин мушкили марбут ба назорати гармӣ, муҳофизат аз шамол ва наздикӣ ба ҳавопаймоҳои ҳаракаткунанда низ вуҷуд доранд.
Лоиҳа инчунин майдони васеъро дар бар гирифта, ба ҳавопаймоҳои муосир имкони парвози озодро фароҳам меорад. Илова бар ин, минтақаҳои фуруд ва парвозро дар як фазои калони ҷамъиятӣ дар маркази терминали нав ҷой дода, шароити қулайро дар фурудгоҳ барои сайёҳон дастрас мегардонад.
Дар атрофи фурудгоҳ бунёди ҳафт боғи нав ба нақша гирифта шудааст, ки онро на танҳо як макони сайёҳӣ, балки як макони гуворо барои сайругашт ва истироҳат арзёбӣ мебояд кард. Дар фурудгоҳ мавзеи донишҷӯён, минтақаи савдои чакана ва хизматрасониҳои нақлиётӣ низ пешбинӣ гардидааст, ки он сафар ва бозгашти муштариёнро аз фурудгоҳи Америго Веспуччии Флоренсия ҷолиб хоҳад намуд.
Ба гуфтаи “Rafael Viñoly Architects”, лоиҳаи фурудгоҳ бояд стандарти сохтмони сабзи “Leed Platinum”-ро барои хусусиятҳои экологии тоза соҳиб гардад. Ҳамин тариқ, Флоренсия ба рӯйхати афзояндаи фурудгоҳҳои ҷаҳонии фазои сабз, мисли Сингапурро бо шаршараи азими дарунӣ ва як навъ бешазори тропикӣ, Бангалорро бо деворҳои сабз ва растаниҳои овезон машҳур мебошад, шомил мегардад.