Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ҶАРИМАБАНДИИ ШИРКАТҲОИ ҲАВОПАЙМОӢ БАРОИ МАЪЛУМОТИ НОДУРУСТ

ҶАРИМАБАНДИИ ШИРКАТҲОИ ҲАВОПАЙМОӢ БАРОИ МАЪЛУМОТИ НОДУРУСТ
342

Чоп кардан

Ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои ҷойгир намудани маълумоти нодуруст оид ба хариди чиптаҳо дар ҷадвали парвозҳо дар Системаи автоматикунонидашудаи иттилоотии сафарҳои ҳавоӣ (AIS)-и Федератсияи Россия ҷарима хоҳанд гирифт. Ин тадбир посух ба шикояти мусофирон аст, ки бар асари маълумоти нодуруст дар бораи вақти парвоз ва нодуруст гузоштани чипта вақту маблағро аз даст додаанд. Дар ин бора “Известия” бо такя ба маълумоти Вазорати нақлиёти Россия менависад.

“Айни замон дар нақлиёти ҳавоӣ Системаи автоматии иттилоотии бақайдгирии ҳамлу нақли ҳавоӣ амал мекунад, ки дар он тибқи талаботи Кодекси ҳавоии Федератсияи Россия маълумот дар бораи шартҳои шартномаи ҳамлу нақли мушаххас бояд ҷойгир карда шавад. Дар ҳоли ҳозир Вазорати нақлиёт бо мақсади риояи бечунучарои ин талабот ба Кодекси ҳавоӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйироту иловаҳоро таҳия менамояд”, - иброз шуд дар дафтари матбуоти вазорат.

Вазорати нақлиёт ҳамчунин тавзеҳ дод: дар сурати аз ҷониби интиқолдиҳанда ҷойгир накардан ё ҷойгир кардани маълумот бар хилофи талабот, ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ мешавад. Дар назар аст, ки лоиҳаи қонун дар давоми иҷлосияи тирамоҳӣ ба Думаи давлатӣ пешниҳод карда шавад, афзуд департамент.

“Санҷиши риояи талабот ба интиқолдиҳанда барои ҷойгир кардани маълумот дар бораи шартҳои шартномаи ҳамлу нақли ҳавоӣ дар Системаи ҳамлу нақли ҳавопаймоии AIS дар доираи назорати давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ анҷом дода мешавад”, - ҳамчунин хабар дод хадамоти матбуотӣ.

Тибқи изҳори як манбаи вазорат ҳамасола танҳо ба дастгоҳи марказии “Ространснадзор” аз мусофирон тақрибан 700 шикояти мухталиф нисбати ширкатҳои ҳавопаймоӣ ворид мешавад.

                                                                                                                                                               АКС аз манбаъҳои боз