Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
319

Чоп кардан

Давлати Қатар шаҳрвандони Тоҷикистонро ба рӯйхати шаҳрвандони давлатҳое дохил менамояд, ки метавонанд бе раводид ба ин кишвар ворид шаванд. Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, тибқи маълумоти сомонаи расмии агентии сайёҳии ин кишвар “Visit Qatar”, шумораи ин давлатҳо ба 102 мамлакат расидааст. Тибқи ин қарор, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бе раводид ба Қатар ворид шуда, то 30 рӯз дар қаламрави он боқӣ монанд. Сода намудани низоми раводид қисми муҳими стратегияи миллии рушди сайёҳӣ дар Қатар мебошад, ки ҳадафаш то соли 2030 ҳамасола ба беш аз 7 миллион нафар расонидани теъдоди сайёҳон мебошад. Бояд гуфт, ки низоми 30-рӯзаи бе раводиди сафар барои шаҳрвандони давлати Қатар, ки хоҳиши дидани Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, низ амал менамояд.

**   

Ҳукумати Ҳинд аз фурудгоҳи Мумбай дархост намудааст, ки барои коҳиши тамбашавӣ теъдоди парвозҳоро коҳиш диҳад. Тибқи иттилои The Economic Times of India, ин иқдом тақрибан 40 парвози тиҷоратӣ ва хусусиро коҳиш медиҳад.

***

Ширкати “Qatar Airways Cargo” ду ҳавопаймои охирини Boeing 747-8F-ро ба UPS фурӯхт. Ширкати “UPS” ҳавопаймои 747-8F-ро бошад барои иваз намудани баъзе аз MD-11-ҳои худ ва баланд бардоштани самаранокӣ ва устувории парки худ харидорӣ намуд.

***

14-уми феврал дар девори бузурги Чин дар минтақаи Пекин хизматрасонии сайёҳии чархбол оғоз шуда, ба сайёҳон имкон дод, ки ин макони Мероси Ҷаҳониро аз баландӣ дидан намоянд.

***

Дар хатсайри Пхукет – Москва  маҳдудиятҳо барои интиқоли бағоҷ ва меваҷот ҷорӣ карда шуд. Тавре дар паёми ширкати ҳавопаймоӣ қайд шудааст, аз 14-уми феврал интиқоли бағоҷ танҳо дар доираи имтиёзи ройгон имконпазир аст.  

***

Ширкати “Ring” аввалин камераи парвозкунандаи назоратии видеоиро дар ҷаҳон таҳия намуд. Дрони мазкур ҳамаи камераҳои назоратии хонаро ба як камераи парвозкунанда иваз менамояд. Истифодаи он асосан барои хонаи калон самаранок мебошад.  

***

Муҳаққиқони рус як ҳавопаймои бесарнишини дорои технологияи вертикалии парвозу фурудро таҳия намуданд, ки хусусиятҳои чархбол ва ҳавопаймои реактивиро муттаҳид намуда, онро “Вариоплан” номиданд. Вазни тахминии парвози Вариоплан 1 тонна буда, имкон медиҳад, ки ҳавопаймо ором ва бехатар барои истифода дар муҳити шаҳр парвоз намояд. Вазни ҳадди ақали борбардории дастгоҳ 200 кг мебошад.

***

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев қонун оид ба авиатсияро имзо намуд, ки ҳуҷҷат дар сомонаи расмии роҳбари давлат нашр шудааст, хабар медиҳад Интерфакс. Қонун истифодаи фазои ҳавоии Озарбойҷон ва фаъолиятро дар соҳаи авиатсия ба танзим дароварда, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии чораҳои андешидашударо ҷиҳати таъмини амният дар авиатсия, аз ҷумла мудофиаи давлатӣ, эҳтиёҷоти аҳолӣ ва иқтисодиёти марбут ба нақлиёти ҳавоӣ ва амалиёти авиатсиониро муайян менамояд. Қонун аз 15 боб ва 68 модда иборат аст.

***

Ширкати “Airbus” таҳвили  800 адад ҳавопайморо дар соли 2024 пешбинӣ намудааст.

***

Ширкати Azerbaijan Airlines (AZAL) аз моҳи марти соли 2024 шумораи парвозҳоро аз Боку ба Лондон ба шаш маротиб дар як ҳафта афзоиш медиҳад. Тавре зикр гардид, ширкати “AZAL” парвозҳои навро ба фурудгоҳи Гатвики Лондон аз 17-уми март оғоз менамояд.

***

Аввалин ҳавопаймои “Airbus A380 Global Airlines” дар Калифорния парвози озмоиширо анҷом дод

***

Ширкати “Аэрофлот” дар таҳияи китоб оид ба “Авиатсия” аз силсилаи “Кем быть?” хамчун машваратчӣ интихоб гардид. Китоби мазкур барои хонандагони хурдсол пешбинӣ гардидааст.

***

Дар доираи нақшаи васеъ намудани парвозҳо ба Аврупо ширкати “Hong Kong Air Cargo” 11-уми феврал парвози Ҳонконг-Леҷ (Белгияро)-ро амалӣ намуд.

***

Аз 17-уми феврал ширкати “Uzbekistan Airways” теъдоди парвозҳоро ба Санкт-Петербурги Россия афзоиш медиҳад.

***

(Манбаъ: АМИТ “Ховар”, Fligh Global, AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, Simple Flying, https://news.mail.ru/tag/306/)