Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ОҒОЗИ ИСТЕҲСОЛИ “ВАРИОПЛАН” ДАР РОССИЯ

ОҒОЗИ ИСТЕҲСОЛИ “ВАРИОПЛАН” ДАР РОССИЯ
356

Чоп кардан

Муҳаққиқони рус як ҳавопаймои бесарнишини дорои технологияи вертикалии парвозу фурудро таҳия намуданд, ки хусусиятҳои чархбол ва ҳавопаймои реактивиро муттаҳид намуд ва онро “Вариоплан” номиданд. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба маълумоти хадамоти матбуоти НТИ хабар медиҳад.

Вазни тахминии парвози “Вариоплан” 1 тонна буда, имкон медиҳад, ки ҳавопаймо ором ва бехатар барои истифода дар муҳити шаҳр парвоз намояд. Вазни ҳадди ақали борбардории дастгоҳ 200 кг мебошад. Ҳавопаймои мазкур тавассути муҳаррики газ-турбинивӣ ҳаракат намуда, бо суръати зиёда аз 700 км/соат ва дар масофаи тулонӣ зиёда аз 1000 километр парвоз менамояд.

Тибқи иттилои мутахассисон “Вариоплан” вазифаҳоеро, ки имрӯз автомобилҳои сабукрав ба иҷро мерасонанд, амалӣ месозад, аммо дар сатҳи сифатан дигар. Ҳамин тариқ, арзиши ҳамлу нақл бо истифода аз ҳавопаймоҳои парвозкунанда бо автомошина муқоиса карда мешавад ва ҳар як шахс “дар вақти муқаррарӣ садҳо километрро тай намуда, ба самтҳои гуногун ҳаракат карда метавонад”. Лоиҳаи ҳавопаймои мазкур омода гардида, аз санҷиши мутахассисони “МАИ” ва “ЦАГИ”, инчунин аз экспертизаи мутахассисони соҳаи авиатсияи Фонди тадқиқотӣ гузаштааст.

Тибқи ҳисобҳои муаяншуда технологияи муосири мазкур имкон медиҳанд, ки бор ва мусофирон бо самаранокии ракетаҳои болдор интиқол дода шаванд. Дар муқоиса бо дигар технологияҳо тибқи лоиҳа ҳавопаймои мазкур парвозро аз истгоҳи автомашинаҳо ва боми биноҳо ба таври вертикалӣ анҷом медиҳад, ки то ба имрӯз дар ягон кишвари ҷаҳон функсияҳои технологияи муосири мазкур пешбинӣ нагардидааст ва метавонад он як лоиҳаи беназир бошад.

АКС аз манбаъҳои боз