ШАҲОДАТНОМАИ МАХСУСИ ШИРКАТИ ҲАВОПАЙМОӢ
Ширкати “Уралские авиалинии” ба кӯдаконе, ки ҳангоми парвоз дар ҳавопаймо таваллуд мешаванд, шаҳодатномаи таваллуд тақдим менамояд. Ҳуҷҷати нодир сана, вақт, баландӣ, рақами ҳавопаймо, қатори курсиҳо, инчунин координатҳои ба замин пешбинишударо нишон медиҳад, то шахси дар ҳаво таваллудшуда имкони ба ҷои таваллуди худ ташриф овардаро дошта бошад.
Ёдовар бояд шуд, ки 10-уми январи соли 2024 ҳангоми парвоз аз Жуковский ба Душанбе зани тоҷик дар ҳавопаймо духтар таваллуд кард. Пас аз як моҳ, имконияти хубе пайдо шуд, ки аз ҷониби стюардесса Надежда Ивакина, ки дар таваллуди кӯдак кӯмак кардааст, шахсан аввалин шаҳодатномаи махсусро ба модари ҷавон супорад. Ин ҳангоми барномаи “Жить здорово!”-и Шабакаи якуми Россия амалӣ гардид, ки дар барномаи мазкур модари ҷавон, кӯдак ва бибиаш ширкат варзиданд.
Бо вуҷуди омӯзиши кормандони ҳавопаймо коршиносон хотиррасон мекунанд, ки таваллуд дар ҳавопаймо хатарнок аст, дар марҳилаҳои охири ҳомиладорӣ хубтар аст, ки модарон аз парвоз худдорӣ намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз