ДИЛОВАРЕ АЗ ХУНИ ДИЛОВАР
Дилором чун қадрас шуд, ҳамсари афсар шуданро дар дил мепарварид, аз ин рӯ чанд хосгори дигарро ҳам, ки адои хизмати ҳарбӣ накарда буданд, рад кард. Модар қасам ёд кард, ки агар хостгори навбатиро ҳам рад кунад, дигар на ба ӯ кордор мешавад ва на ба ҳаёти ояндааш. Ба рағми қасами модар ин дафъа падари Зариф, ки дар ҳамсоягиашон зиндагӣ дошту писараш як ду моҳ пеш ба хизмати аскарӣ даъват шуда буд, ба хостгории Дилороми серхаридор омад. Зафар бо Дилором дар як мактаб таҳсил мекарданд ва ҳангоми чорабиниҳои фарҳангии мактабӣ бисёре аз мавридҳо нақши аскари диловарро мебозид. Аз ин рӯ Дилором ғоибона ба ӯ ошиқ буд ва мехост, ки ҳамсари ин ҷавони олуфта бошад.
Чун сари ин масъалаи муҳим дар оила сухан рафт, Дилором бе дудилагӣ барои оиладор шудан бо Зафар розигӣ дод ва бо дуои неки падару модар қадам гузошт ба шоҳроҳи умр.
Пас аз адои хизмат бо хости дил ва амри тақдир Зафар ба факултаи ҳуқуқшиносии донишгоҳи миллӣ ҳуҷҷат супурда, барои шикастани ормонҳои ҳамсари нозанин барои, ба бар кардани либоси низомӣ ва муҳофизати марзу буми аҷдодӣ камар баст. Чун дар хизмат хуб обу тоб ёфтаву бо рутбаи баланд ба Ватан баргашта буд, бе ягон душворӣ илм омухту омухтаҳоро дар амал татбиқ кард. Муддате дар самти ҳарбӣ фаъолият карда, нияти калон дар пеш дошт, вале пеши он орзуҳои амалиношуда сар задани ҷанги шаҳрвандӣ монеа гузошт. Чун дигар ҷавонмардони далеру шуҷои Ватандӯст пайи ба эътидол омадани вазъи кишвар камар баст.
Дилором дар хонаи хусуру хушдоман умр ба сар мебурду сиҳат саломат мондани ҳамсари меҳрубони орзушикани худро аз Худованд талаб мекард. Модари Зафар чор духтар дошту Зафар яккаписари оила маҳсуб меёфт, вале аз имконияти мавҷуда истифода бурданро номардӣ ҳисобида, ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафта буд ва пайваста аз Дилором хоҳиши тавлиди шермардони ватандӯстро хоҳиш мекард.
...Пас аз чанд моҳ Зафар дар шумори садҳо фидоии дар роҳи сулҳу амонӣ ҳалокшуда дар он набардҳои хунини бемаънӣ шаҳди марг чашид. Дилороми ноумед аз зарбаи ногаҳонии қисмат ҷигархун гашта , онҳоеро, ки сабабгори он ҷанги бемаънии бародаркуш буданд маломат мекард. Бо фарзанди батнаш роз мегуфту менолид ва аз Худованд талаби фарзанди олуфтаи баномус мекард, то номи неки падари шаҳидро зинда гардонад. Оҳашро Кирдгор қабул кард, ва пас аз чанд моҳи ранҷу азоб, чанд моҳи интизорӣ Дилором писарча зоид. Писаре, ки бо ба дунё омадан модари ғамзадаро чандон шод накард. Писарчаи қаламкоши зебо аз як пой то зону маҳрум буд....
Дилором бо хуни дил хурдан писари маҷруҳашро, ки номи падарро ба ӯ гузошта буд, ба воя расонд, вале на бо он тавре, ки ҷисмаш тақозо мекард. Дар баробари аз як пой маҳрум будан, Зафар талошҳои пайгирона дошт. Дар мактаб аълохон, иштирокчии фаъоли озмунҳои мактабӣ буду дар бозии шоҳмоту тениси руи миз касе ба ӯ баробар шуда наметавонист.
Дилором инро дида, дар дил меболид ва гиребони шукр медошт, ки ҳисси баландӣ ватандӯстӣ, ҷавонмардию номус ва диловарии падар бо хун ба писараш гузаштааст.
Зафар мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм кард ва пас аз соҳиби номаи камол шудан ҳуҷҷат супурд ба факултаи ҳуқуқшиносӣ, то идома бахшад ба фатҳи қуллаҳои нопаймудаи падар. Холҳои зиёд аз доираи қабулро ба даст оварда, мушарраф шуд ба номи пуршарафи донишҷӯ. Аз шаҳраки донишҷӯён то бинои факултаи ҳуқуқшиносӣ хеле роҳ буд, вале Зафари зери каш асобағал бо муҳаббат ҳар рӯз он роҳро тай мекард ва баҳри фарохтар намудани савияи дониши ҳуқуқӣ мепардохт ба омӯзиш.
Он рӯз ҳам мисли рӯзҳои пешин бо як гурӯҳ ҳамкурсон ба хона бармегашт, ки дар роҳ шоҳиди як ҳодиса шуд. Ҳодисаи даву този чанд низомипӯш ва якчанд ҷавони тануманди тарсу. Чун ҷавонҳои хизматгурез бо шаст медавиданд, яке ба Зафар бархурд ва асобағал аз дасташ уфтод. Шарикдарсон зуд китфи Зафарро доштанду асобағали ҳавохурдаро аз замин гирифта ба дасти Зафар доданд.
Яке аз нафарони низомипӯш аз Зафар ва шарикдарсонаш маъзарат хоста, ба роҳи худ идома доданд. Зафар бошад бо димоғи сӯхта ба хона баргашт.
Дилором, ки боре писарро бо чунин ҳолат надида буд, хавотиромез пурсид:
-Зафарҷон, авзоят хуб наменамояд. Ягонҷоят дард мекунад?
-Дилам дард мекунад,оча дилам!
-Боре аз дарди дил шиква надоштӣ,-ку бачам. Ягон чиз хӯр, сипас ба духтур меравем.
-Барои дарди дили ман духтур, не, хизмати аскарӣ лозим, очаҷон! Ман ба хизмат меравам. Худи пагоҳ ариза навишта ба хизмат меравам. Аз хизмат, ки баргаштам, баъд хонданро давом медиҳам.
-Ҷони оча, ту бо пойи дардманд чи гуна хизмат мекунӣ. Охир дар хизмат ҷавони солим лозим. Ту..
-Очаҷон, магар суханҳои саршори Пешвои муаззам Эмомалӣ Раҳмонро нашунидаӣ? Дар ҳар суҳбату вохӯриҳояшон бо ҷавонони кишвар як гапро такрор ба тарор арз менамоянд: “Барои Ватан, барои ҳифзи хоки аҷдодӣ ҷавонони руҳан ва ҷисман солим лозим.” Ман ҷисман носолим бошам ҳам, руҳан солимам. Корҳоеро дар хизмат ба субут расонида метавонам, ки барои аскарон чун обу ҳаво зарур аст. Ошпаз мешавам, косашӯ мешавам, китобхоначӣ мешавам, боғбон мешавам вале дигар як рӯз ин ҷо намеистам. Агар тавассути ман шиками сарбоз сер бошад, агар барои сарбоз китоби дилхоҳ манзур кунам агар саҳнеро, ки боиси хушҳолии сарбоз мегардад, сабзу гулпуш кунам ман низ афсарам. Очаҷон, аз Шумо ва бибиҷонам фақат як дуо мехоҳам. Хоҳиш мекунам, пеши роҳи ин орзу санг нагузоред,-хоҳиш намуд Зафар.
Суханони шавҳари ғурамарг дар гӯшҳои Дилором садо доданд, ки якбора фиғон бардошт.
-Зафарҷон , осуда бош. Орзуҳоятро Зафари дуюм амалӣ менамояд. Зафар руҳан солим аст. Зафар хуб дарк кардааст,ки :
Беватан нест, ғарибе, ки кунад ёди Ватан,
Дар Ватан будаи беёди Ватан беватан аст!
Бирав, софдилона хизмат кун, то руҳи падар аз ту шод шавад, Зафарҷон,-гуфта Дилором сари писари баномуси Ватандӯстро ба қафаси синааш зер карда, ашк рехт. Ашк рехт, вале на ашки ҳасрат, балки ашки шодӣ. Ашки умед.
....Зафар лангон лангон ба камссариати ҳарбии ноҳия рафт. Дар даромадгоҳ як ҷавонмарди низомипӯше, ки бо як зан ғарқи суҳбат буд, расид ва матлаби хешро баён дошт.
Комиссар бо ишораи сар роҳи даромади камиссариати ҳарбиро нишон дода, ба суҳбаташ идома дод. Зафар вориди бино шуда ба навиштаи пушти яке аз утоқҳо зеҳн монд ва бо эҳтиром бо сарангушт дари утоқро куфт ва бо иҷозад вориди утоқ гардид.
-Салом. Ман Зафар. Донишҷӯи соли якуми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ ҳастам,-гуфта Зафар худро шинос кард.
-Бисёр хуб. Марҳамат карда ба ин ҷо гузаред. Шуморо гӯш мекунам.
-Ман хизмат кардан мехоҳам. Мехоҳам ба сафи муҳофизони Ватан маро қабул намоед.
-Додарҷон, чуноне мебинам саломатии Шумо чандон хуб нест. Шумо..
- Хоҳиш мекунам, маро носолимед нагӯед. Ман солимам. Худоро шукр ҳоло як поям ҳаст, агар пои дигарам ҳам намебуд, бо шикам хазида хизмат мекардам. То маро аскар қабул накунед, ин утоқи Шуморо тарк намекунам, гуфт ба ҳаяҷон Зафар.
Марди низомипӯш, ки вазифаи пурмасъулияти Раиси коммисариати ҳарбиро бар уҳда дошт, аз суханони диловаронаи Зафар ба ваҷд омада аз ҷой бархост ва оҳиста -оҳиста паҳлуи курсии нишасти Зафар омад. Даст ба шонаҳои бақуввати Зафар ниҳода, аз пешонааш падарвор бӯсид.
-Аз кадом деҳа мешавӣ?
-Аз деҳаи Гулрез.
Писари кӣ мешавӣ?
-Писари Зафар Алимов, Зафар, ки дар набардҳои дохилӣ қаҳрамонона ҳалок гашта буд,-гуфт Зафар ва бо ба забон овардани номи падар ашк дар чашмонаш ҳалқа зад.
-Додари азиз. Ба маънии мақоли хуби тоҷикии “Кабутар аз кабутар, зоғ аз зоғ” боварӣ ҳосил кардам. Аз Зафар бояд чунин диловар тавлид мешуд. Зафар ҳамсабақи ман буд. Дар бораи диловарии ӯ як мақолаи хуб ҳам дар газета чоп карда будам. Биёед як ба берун бароем. Мардум шуморо дида як бори дигар муқаддас будани Ватан ва марзу буми онро дарк кунанд.
-Нуралӣ Шодиевич. Номи ин ҷавон Зафарҷон. Хизмат кардан мехоҳад. Мардум, маро дуруст фаҳмед. Ин ҷо ҷойи муболиға нест. Зафарҷон бо вуҷуди маҷруҳ будан ба хизмати Ватан рафтан мехоҳад.
-Модарҷон, ҳолати ин писарро дидед? Бо як пой хизмат кардан мехоҳад, вале Шумо барои пинҳон кардани писари солими худ аз хизмат чӣ баҳонаҳое, ки пеш намеоред. Худро як дам хешованди он мегӯеду як дам хешованди ин. Агар рисолати модарӣ доред, агар рӯзҳои шуми ҷангро дар ёд доред, пас монеи писаратон нашавед. Муҳаббати модариро бо дуруғ нишон надиҳед, бо ватандӯстӣ, муҳаббати худро бо покизагӣ ва иффати занона нишон диҳед. Шумо ва боз даҳ модари дигар фарзандашро пинҳон кунад, аз хизмати Ватан гурезонад, пас сарҳади Ватанро кӣ посбонӣ мекунад. Кӣ хоки аҷдодиро аз душманон ҳифз мекунад?!
-Маро бубахшед, писарҷон. Писари ман ҳам мисли ин ҷавон хизмат кардан мехоҳад, вале бо айби ман ӯ хизматгурез шудааст. Дар хизмат туро зада девона мекунанд, аз гурӯснагӣ ба касал мезанӣ,- гуфта ӯро метарсонам. Худи ҳозир ӯро ба ин ҷо меорам. Вале Бо як хоҳиш...
-Бо чӣ хоҳиш?,-гуфт бо нигоҳи хашмолуд раиси комиссариат.
-Дар хона ду духтари сиёҳбахт ва як келини бева дорам. Замини наздиҳавлигиям хеле кам аст. Дар соҳиб шудан ба ягон гӯшаяки замин кӯмакам кунед..
-Модарҷон магар рӯзнома намехонед, оинаи нилгунро тамошо намекунед. Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳое, ки ихтиёран ба хизмати Ватан мераванд, кӯмаку дастгирӣ менамояд. Ҳокими ноҳия низ оилаҳои фаъолеро, ки дар ин рӯзҳои нанговар ҳиммат нишон медиҳанд, бенасиб намемонад.
-Илоҳо барака ёбед. Худи ҳозир писарамро ба ин ҷо меорам. Писареро, ки содагӣ карда бо дастони худам даруни коҳдон пинҳон кардаам...
Ин лаҳза модари Зафар, ки дуртар аз саҳн он суҳбати ҳуснангезро тамошо дошт, ба саҳни комиссарияти ҳарбӣ ворид мешавад.
-Рафиқ камиссар, писари маро ноумед насозед. Ӯро ба хизмат бигиред.
гуфта даст ба шонаи писар гузошт.
- Апаи азиз. Ин лаҳза Шумо ва писаратон Зафарҷон нангу номуси Ватандориро бори дигар дар дили мардум ҷой кардед. Умедворам овозаи нанги писари Шумо ба гӯши дигар ҷӯраҳояш мерасаду сафи ихтиёран ба хизмат мерафтагиҳо меафзояд ва мо дар иҷрои нақша сарбаландона мужда медиҳем. Аҳсан ба Шумо ва писари диловаре, ки аз хуни диловар ба дуё оварда хуб тарбият кардаед. Шумо хуб медонед, ки нафарони ҷисман носолим аз хизмат озод ҳастанд, вале Зафар барин ҷавони донишманди баномус дар комиссариат чун обу ҳаво зарур аст. Худи ҳозир ман ба унвонии роҳбарияти донишгоҳ мактуб навишта, барои ба факултаи ғоибона гузаронидани Зафарҷон хоҳиш менамоям. Ин масъалаи ҳалли худро ёфт, ба сифати ҳуқуқшинос Зафарҷонро ба кор мегирем. Боварӣ дорам бо ба кор омадани Зафарҷон кор дар комиссариат ранги дигар мегирад.
- Акнун ин лаҳза бо шумо хайрухуш менамоям, чунки корҳоям хеле зиёд аст. Барои пешниҳоди гузориш то имрӯз ба назди раиси ниҳия рафтанам лозим.
Дилором писари диловарашро ба оғуш гирифт, сели ашк аз чашмонаш ҷорӣ гашт. Худоро сад бор шукр. Орзуҳои шавҳари қаҳрамони маро амалӣ намуд. Писареро лоиқам дид, ки дар ҷавонмардиву номус заррае аз падар кам нест. Барои боварӣ ва эътиқод ба Шумо арзи сипос менамоям. Умедворам Зафарҷони ман ба боварии Шумо ва боварии Ватан сазовор мешавад.
Кормандони комиссарияти ҳарбӣ, зани аз карда пушаймон ва дигар нафарони дар саҳн ҳузурдошта ин манзараро тамошо карда, барои модару писари ватандӯсту намуна ашк рехтанд. Барои модару писаре, ки он лаҳза бори дигар раҳи нангу номус, раҳи ҷавонмардӣ ва ватандӯстиро барои дигарон боз намуданд.
Сармутахассиси Маркази
матбуоти КВД "Тоҷикаэронавигатсия"
Муҳаббат Иброҳимзода