Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ОҒОЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТАКСИҲОИ ҲАВОӢ

ОҒОЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТАКСИҲОИ ҲАВОӢ
393

Чоп кардан

Тибқи иттилои авиатсияи Покистон хизматрасонии таксиҳои ҳавоӣ аз Карочӣ расман оғоз гадида, як марҳилаи муҳим барои саноати авиатсия мебошад, ки он барои истироҳат ва ҳолатҳои фавқуллода имконияти хубро пешниҳод менамояд. Ҷорӣ намудани хизматрасонии мазкур аз ҷониби ширкати “Sky Wings Aviation” дар Карочӣ ба зарурати фаврии интиқоли муассир, бахусус дар минтақаҳое, ки алоқаи маҳдуд ё мушкилоти инфрасохторӣ доранд, ҳал менамояд.

Дар аввал, ширкати “Sky Wings Aviation” хизматрасонии таксии ҳавоиро дар ҳама фурудгоҳҳо, аэродромҳо ва хати парвозу фуруди Синд ва Балуҷистон оғоз намуд. Дар марҳилаи аввал чаҳор адад таксии ҳавоӣ хизматрасониро амалӣ намуда, нархи муқаддимавии хизматрасонии мазкур 95,000 рупии дар як соат мебошад. Ширкат ҳадаф дорад, ки ин намуди нақлиёти инноватсиониро барои доираи васеи сайёҳон дастрас намояд. Дар марҳалаи баъдӣ хизматрасонии таксиҳои ҳавоӣ пас аз муддате дар тамоми фурудгоҳҳои Панҷоб ва Хайбар Пахтунхва дастрас гардида, дар як вақт ба се мусофир хизматрасонӣ хоҳанд намуд.

Консепсияи таксии ҳавоӣ дар самти нақлиёти анъанавӣ интироъи нав мебошад. Бо имкони фармоиш додани парвоз барои як муддати муайян ва парвоз ба ҳар як макони Покистон, шаҳрвандон акнун метавонанд маҳдудиятҳои ҷадвали мунтазами ширкатҳои ҳавопаймоиро паси сар намуда, ба самтҳои дилхоҳи худ бе мушкилӣ бирасанд. Ин чандирӣ махсусан барои онҳое, ки бо ҳолатҳои фавқулодда ё эҳтиёҷоти фаврии сафар рӯбарӯ ҳастанд, муфид аст, зеро он роҳи зуд ва самараноки расидан ба макони таъиноти худро пешниҳод менамояд.