ТАҒЙИРОТ БА ҚОИДАҲОИ ФЕДЕРАЛИИ ИСТИФОДАИ ҲАРИМИ ҲАВОИИ РОССИЯ
Аз 1-уми март тағйирот ба Қоидаҳои федералии истифодаи ҳарими ҳавоии Россия амалӣ мегардад. Тавре зикр гардид, қоидаҳои нав ташкили парвозро барои ҳавопаймоҳои бесарнишини шаҳрвандӣ осон менамояд.
Тибқи тағйироти мазкур, дар хоҷагии қишлоқ хангоми иҷрои корҳои химиявии авиатсионӣ дар баландии то 30 метр аз сатҳи замин ё об ва дар масофаи бештар аз 5 км аз нуқтаҳои идоракунии аэродром ва 2 км аз хати фуруд нақшаи парвоз талаб карда намешавад. Инчунин
Вазорати нақлиёти Россия бо пешниҳоди субъектҳои Федератсияи Россия ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар баландии камтар аз 150 метр минтақаҳои махсуси парвози ҳавопаймоҳои бесарнишинро муайян менамояд.
Барои парвози визуалии ҳавопаймоҳои вазнашон камтар аз 30 кг дар ин минтақаҳо иҷозати мақомоти дахлдори ҳукумати маҳаллӣ, ҳангоми анҷом додани парвозҳои визуалии ҳавопаймоҳои вазнашон камтар аз 30 кг дар баландии то 100 метр ва дар масофаи зиёда аз 10 км аз нуқтаҳои идоракунии аэродром ва 2 км аз макони фуруд ва ҳангоми анҷом додани парвозҳои визуалии ҳавопаймоҳои бесарнишини вазнашон камтар аз 30 кг дар баландиҳои то 150 метр ва бештар аз он пешниҳоди нақшаи парвоз талаб карда намешавад.
Бояд ёдовар шуд, ки дар таҳияи ҳуҷҷати мазкур мутахассисони Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ ва Корпоратсияи давлатии идораи ҳаракати ҳавоии Федератсияи Россия фаъолона ширкат варзиданд.