Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
234

Чоп кардан

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” иҷрои парвозҳои байналмилалии мустақимро аз фурудгоҳи Хуҷанд дар хатсайри Хуҷанд-Истанбул-Хуҷанд оғоз намуда, дар санаи 7-уми март нахустпарвоз амалӣ гардид.

***

Аз 7-уми апрел ширкати “Uzbekistan Airways” ҳафтае се маротиба парвозро аз Тошканд ба 2 фурудгоҳи Лондон, Heathrow Airport ва London Gatwick Airport оғоз менамояд.

***

Корпартоии дуҳафтаина боиси камбудии сӯзишвории ҳавопаймо дар фурудгоҳи Хелсинки мегардад.

***

Аз 1-уми апрел ширкати “Red Wings Airlines” аз Санкт-Петербург ба Ярославл парвозҳои мунтазамро оғоз менамояд.

***

Ду чархболи нави Ми-38 бо муҳаррикҳои ТВ7-117В парвози рекордиро ба масофаи 6,5 ҳазор километр анҷом доданд, ки ин аввалин таҷрибаи парвоз дар чунин масофа мебошад.

***

Дар фурудгоҳи Истанбул сагҳои терапевтӣ ба кор шурӯъ карданд, ки вазифаи онҳо дастгирии мусофирони ба ҳаяҷонафтида (стресс) мебошад. Дар лоиҳаи озмоишӣ панҷ саги махсуси таълимгирифта иштирок карданд, ки ин аввалин таҷриба дар Туркия маҳсуб меёбад.

***

Аз 31-уми март ширкати “Qazaq Air” барқарор намудани парвозро дар масири Остона-Павлодар дар як ҳафта чор маротиба ба нақша гирифтааст.

***

Аз 5-уми апрел ширкати “Уралские авиалинии” ба самти Иркутск — Пекин — Иркутск парвози доимиро ифтитоҳ менамояд.

***

Аз 2-юми июн ширкати “Utair” дар доираи ҷадвали парвозҳои тобистона аз Сочи ба Уфа парвозҳоро амалӣ менамояд.

***

Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ терминали нави фурудгоҳро дар Деҳлӣ ифтитоҳ намуд, ки таҷдиди “Terminal 1” аз зиёд намудани масоҳати он аз 55,740 метри мураббаъ ба 206,950 метри мураббаъ мебошад. Иқдомҳои мазкур иқтидори хизматрасонии терминалро нисбат ба иқтидори қаблӣ ду баробар зиёд намуда, дар он шароити мусоид барои мусофирон бо истифода аз як қатор технологияҳои пешрафта муҷаҳҳаз фароҳам гардид.

***

Ширкатҳои “Flynas”, “STC Group” ва “SkyFive Arabia” Ёддошти тафоҳумро имзо намуданд, ки ҳадафи он татбиқи интернети баландсуръати “ҳаво-замин” дар 120 ҳавопаймои ширкати “Flynas” мебошад. Ин барои авиатсия дар Шарқи Наздик марҳилаи муҳим маҳсуб ёфта, ҳамкории “Flynas”, “STC Group” ва “SkyFive Arabia”-ро вусъат бахшида, барои беҳтар намудани таҷрибаи мусофирон тавассути пешниҳоди хизматрасониҳои муосири коммуникатсионӣ ҳангоми сафарҳои ҳавоӣ мусоидат менамояд.

***

Аз 2-юми апрели соли 2024 ширкати “IndiGo” нақшаҳои ифтитоҳи парвози нави мустақимро, ки Чандигарх ва Дҳарамшаларо мепайвандад, муаррифӣ намуд.

***

Шаш дастгоҳи омӯзиши парвозҳои “Conair Group” (FTDs) дар платформаи “Mission Training System” (MTS) аз ҷониби “Transport Canada” барои омӯзиши ҳавоӣ оид ба сӯторхомушкунӣ то ба сатҳи 4 сертификатсия шудаанд, ки дастгоҳҳои мазкур ба сарнишинон имкони тамринро муҳаё менамоянд. Ин аввалин системаи таълимии сертификатсияшуда дар ҷаҳон мебошад, ки махсус барои сӯторхомушкунии ҳавоӣ тарҳрезӣ гардидааст.

***

Ҳавопаймои “Airbus A380”-и ширкати “Qantas” парвозро бори аввал дар моҳи сентябри соли ҷорӣ ба Африқои Ҷанубӣ ба роҳ мемонад.

***

(Манбаъ: AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, Simple Flying, https://news.mail.ru/tag/306/)