Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

КОРРУПСИЯ ВА Ё “ЯК БОР ҶАСТИ МАЛАХАК”....

КОРРУПСИЯ ВА  Ё “ЯК БОР ҶАСТИ МАЛАХАК”....
263

Чоп кардан

Доир ба мушкилоти коррупсия ва даъвоҳои зиёд дар бораи мубориза ҳамарӯза сару садоҳо баланд мешаванд, аммо бархе аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва олам сабабҳои паҳншавии ин падидаи номатлубро чандон муаян карда наметавонанд. Барои равшантар гардидани масъалаи марбута пеш аз ҳама ба маънии ин ибораи заҳрогин сарфаҳм бояд рафт. Рушд ва пешигирии ин амали номатлубро бо дигар кишварҳо қиёс бояд кард.

Коррупсияро луғатномаҳо “вайроншавии ахлоқии шахсони мансабдор ва сиёсатмадор” маънидод месозад, ки ба шакли дигар он маъниҳои  порагирӣ, порагирии тиҷоратӣ ва ғайраро низ дар бар мегирад.

Коррупсия воқеан амали обрурезандааст, гарчӣ дар аввал мисли бода ришвситонро чун шер мегардонад ва пас аз чанд лаҳзаи ҳисобӣ мисли рубоҳ ба чанг меафтонад. Барои қурбонии коррупсия нашудан ва ҷиноят содир насохтан месазад, ки ҳар як фарди комилҳуқуқи кишвар дасту дили пок дошта бошад нисбати молу мулки шахсӣ ва давлатӣ ва дар иҷрои фармону қонунҳои мавҷуда масъулияти баландӣ ватандӯстию хештаншиносӣ.

“Қонуни кишвар” дар бораи муқовимат ба коррупсия “чунин таъриф медиҳад:” Коррупсия ин сӯиистифода аз мансаб, додани пора, гирифтани пора, сӯиистифода аз ваколат, ришваситонии тиҷоратӣ ё истифодаи дигари ғайриқонунии мақоми мансабии шахс бар хилофи манфиатҳои қонунии ҷомеа ва давлат бо мақсади ба даст овардани фоида дар шакли пул, арзишҳо, дигар молу мулк ё хизматрасониҳои хусусияти молумулкӣ, дигар ҳуқуқҳои молумулкӣ барои худ ё шахсони дигар ва ё ғайриқонунӣ додани чунин фоида ба дигарон дониста мешавад.

      Ба ибораи дигар Коррупсия яке аз монеаҳои асосии пешрафти иқтисодиёт ва ҷомеа мебошад ва бе бартараф кардани он ягон миллату давлат пешрафт нахоҳад кард.

Ҳар як шаҳрванд бояд ҳуқуқҳои худро донад, онҳоро ҳимоя карда тавонад, мавқеи устувори ахлоқӣ дошта бошад, ки истифодаи усулҳои коррупсиониро дар ҳаёти хусусӣ, ҷамъиятӣ ва касбӣ рад кунад.Агар шахс дар истифодаи ғайриқонунии мавқеи худ ё ягон каси дигар барои ба даст овардани фоидаи моддӣ ё ғайримоддӣ иштирок кунад, пас онҳо як қисми системаи коррупсионӣ мешаванд.

    

Пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ, ташкили системаи ошкоркунии далелҳои ришва ва ришваситонӣ, назорати даромад ва хароҷоти мансабдорон, муайян ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо яке аз омилҳои асосии решакан намудани ин амали зарарнок мебошад.

Имрӯзҳо бобати пешгирии амалҳои коррупсионӣ аз тарафи идораҳои дахлдор чораҳои фаврӣ андешида мешаванд, вале ин маънои пурра ислоҳ шудани ришваситонон нест. Ҳанӯз он амалҳое аз тарафи бархе содир мешавад, ки бисёр аламовар ва дарднок аст ва давлату ҳукуматро водор месозад, ки барои пешгирии ин амали номатлуб ҷазоҳои сахттар ва ҷаримаҳои калонтар муқаррар намоянд, то бадин васила мардумро аз найрангҳои бераҳмонаи ришвагирону бархе аз мансабдорони бнвиҷдон раҳоӣ бахшад. Барои мисол ин ҷо метавон чанд  роҳҳои пешигирии амалҳои коррупсиониро аз дафтари кишварҳои мутараққӣ ёдовар шавем. Бубинем, ки кишварҳои дигар бо фасодкориҳои ҷинояткорон чӣ гуна мубориза мебаранд.

Дар давраи роҳбарии Си Ҷинпин роҳбари воломақоми Ҷумҳурии Мардумии Чин мубориза бо коррупсия дар ҳама сатҳҳои вертикалии ҳокимият ҳамчун “Шикори аждаҳо ва мушҳо” (ба мансабдорони калон ва хурд) эълон гардид. Мақсад он буд,ки ришваситонҳоро ягон идораи воломақоми дигар дастгирӣ ва пуштибонӣ карда наметавонад. Дар назди қонун ҳама яксон ҷавоб мегӯянд. Ҷазои шадид ба гурӯҳи ришваситон қатл аст, ки он албатта ба онҳое, ки нияти ин амал доранд, таъсир мерасонад. Ҳамчунин ҷазо барои ҷиноятҳои коррупсионӣ дар ҶМ Чин хеле васеъ аст:

    Барои додан ё гирифтани пора-то 5 сол ва барои ришва бо ҳолатҳои вазнинкунанда - аз 10 сол то ҳабси абад бо мусодираи амвол муаян гардида, аз соли 2000 дар Чин тақрибан 10 ҳазор мансабдор барои даст ба амалҳои коррупсионӣ задан ба қатл расонида шуданд.

   Дар Сингапур низ бобати ин амали номатлуб чораҳои зарурӣ меандешанд. Мақомот ва мансабдорон на танҳо даромад, балки хароҷотро низ кушоду ошкоро бояд эълон кунанд ва дар сурати номувофиқ будани онҳо тафтишот гузаронанд. Дар ин ҳолат на танҳо хешовандон, балки дӯстони корманд низ бояд тафтиш карда шаванд.

Ба мансабдорон гирифтани ҳама гуна тӯҳфаҳо манъ карда шуда, барои хатогиҳо дар ҳуҷҷатҳои расмӣ ё изҳороти оммавӣ ба таври қатъӣ ҷазо дода мешавад. Сиёсати зиддикоррупсионӣ дар васоити ахбори омма фаъолона пешбарӣ карда шуда, ҳар як амали номатлуб новобаста аз касбият ва вазифа дар рӯзномаҳо дарҷ мегардад. “Фишка”-и  асосии кишвар Бюрои тафтиши ҳолатҳои коррупсия мебошад, ки сохтори марбута  дорои қудрати бузург мебошад ва метавонад барои корманди ҳар сатҳ санҷишҳо гузаронад.

     Бюро ҳуқуқ дорад гумонбаршудагонро бе қарори суд дастгир кунад, ба ҳама гуна биноҳо ворид шавад, суратҳисобҳои бонкӣ ва маълумоти шахсиро бе иҷозати иловагӣ тафтиш созад.

    Дания бошад ҳар сол дар сегонаи кишварҳои дорои сатҳи ҳадди ақали фасод қарор мегирад. Коршиносон чунин суботро бо қонунгузории ин кишвар шарҳ медиҳанд. Дар кишвар тақрибан 20 қонуни зиддикоррупсионӣ амал мекунад, ки асосии онҳо Қонуни коррупсия мебошад.

     Ширкатҳо, сохторҳои давлатӣ созишномаҳои муштаракро дар бораи таҳаммулнопазирӣ ба коррупсия ва мубориза бо ҳама гуна зуҳуроти коррупсионӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо мерасонанд. Амсоли  “эъломияи истифодаи пора”.

    Фаъолияти мансабдорон аз ҷониби вакилон ва шаҳрвандон назорат карда мешавад. Ҳар як узви парлумон ҳуқуқ дорад дар бораи ҳар як вазир маълумот талаб кунад. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи гумонҳои худ дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, аз ҷумла номаълум хабар диҳанд.

Ба кормандони давлатӣ доштани саҳмияҳои ширкатҳои хориҷӣ манъ аст, то ки ҷалби манфиатҳои онҳоро ба зарари кишвар истисно кунанд. Инчунин, дар Дания эъломияи оммавии даромади мансабдорон мавҷуд аст.

Тӯҳфаҳо ба мансабдорон, истироҳати онҳо аз ҳисоби ширкатҳои хусусӣ тибқи қонунҳои Дания ҳамчун пора арзебӣ карда мешаванд.

Бо вуҷуди ин, дар Дания низ моҷароҳои коррупсионӣ ба амал меоянд. Чун қоида, дар фаъолияти ширкатҳои байналмилалӣ.

Таҷрибаи кишварҳои дигар нишон медиҳад, ки муваффақият дар мубориза бо коррупсия танҳо бо равиши системавии “ҷазо + пешгирӣ + қонунҳо ва расмиёти шаффоф” имконпазир аст. Феҳристҳои рақамии иҷозатномаҳо ва аттестатсияҳо, ки дар онҳо ҳар як тағйироти сабт "пай" - и худро мегузорад; навбатҳои электронӣ ва бекор кардани бисёр маълумотномаҳо эҳтимолияти сӯиистифода аз салоҳиятро коҳиш медиҳанд.

Тавре ки таҷрибаи бисёр кишварҳо нишон медиҳад, барои решакан кардани коррупсия иродаи қавии давлатӣ, қонунҳои муассир ва мақоми комилан мустақили зиддикоррупсионӣ, ки на танҳо сохторҳои тафтишотӣ, балки суди мустақили зиддикоррупсиониро низ дар бар мегирад, зарур аст.

Муҳим он аст, ки амалҳои коррупсионии мансабдорон ва вакилон дар паси ҳафт мӯҳр махфӣ намонанд, балки барои омма дастрас бошанд.

Инчунин барои кам кардани иштиҳои мансабдорон барои гирифтани пора “шароит” фароҳам овардан лозим аст. Ҳангоми вайрон кардани қонуни коррупсия, мансабдор бояд аз ҳуқуқи кор дар сохторҳои давлатӣ бо аз даст додани тамоми имтиёзҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла нафақа ва амнияти иҷтимоӣ маҳрум карда шавад. Ин ба ғайр аз ҷаримаҳои калони пулӣ аст.

Мувофиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ, барои решакан кардани коррупсия, чораҳои таъсиррасонӣ ба мансабдорон бояд то ҳадди имкон сахт бошанд.

Масалан, дар баъзе кишварҳо ришваситонӣ ба вайрон кардани Конститутсия қонунгузорӣ ҳамчун хиёнат ба давлат баробар карда мешавад.

Мутмаинем ба ин амали зараровар дар Тоҷикистон низ аз тарафи масъулин ҷазоҳои сахттар муаян мегардад ва бадин васила амалҳои коррупсионӣ дар кишвар коҳиш меёбад, ки коҳиши ҳар як амали номатлуб, пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар нақши калидӣ хоҳад бозид. Ва месазад, ки мақоли машҳуру муассири “Як бор ҷасти малахак, охир ба дасти малахак”-ро мансабдорону роҳбарон ва дигар шахсони комилҳуқуқи кишвар шиори ҳамешагии худ қарор диҳанд, то обруи худ ва обруи миллати худро барои нафс нарезонанд!

                        Урози Раҳмон

         Сардори шуъбаи Муносибатҳои

байналмилалии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”