Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

7 ФУРУДГОҲҲОИ ҒАЙРИОДДӢ ДАР ҶАҲОН

7 ФУРУДГОҲҲОИ ҒАЙРИОДДӢ ДАР ҶАҲОН
264

Чоп кардан

Имрӯз аз як нуқтаи рӯи замин дар муддати кутоҳ ба нуқтаи дигар расидан душвор нест - танҳо чиптаҳои ҳавопаймо харидорӣ мегарданду бас. Ҳар рӯз ҳазорҳо ҳавопаймоҳо аз болои сари мо дар баландиҳои гуногун ва бо суръати гуногун парвоз мекунанд. Бо ҳадафи бомуваффақият парвоз ва фуруди онҳо дар сайёраи мо даҳҳо ҳазор фурудгоҳҳо сохта шудаанд. Тибқи тарҳ ва инфрасохтор онҳо аз якдигар фарқкунанда мебошанд, аммо дар миёни онҳо боз сохторҳои хеле ғайриоддӣ низ мавҷуданд. Дар ин мақола оиди фурудгоҳҳои ғайриоддӣ дар ҷаҳон сухан меравад.

Калонтарин фурудгоҳи ғайриоддӣ 

Дар сайёраи мо бисьёр фурудгоҳҳои калон мавҷуданд, аммо фурудгоҳи Дубай, ки дар қаламрави Аморати Муттаҳидаи Араб ҷойгир аст, дар байни онҳо махсусан дигар аст. Сарчашмаҳо минтақаҳои гуногунро нишон медиҳанд, аммо бештар дар бораи 14 га маълумот мавҷуд аст, ки тақрибан ба 14 километри мураббаъ баробар аст. Фурудгоҳ бо 90 ширкати ҳавопаймоӣ ҳамкорӣ ва ба 40 самти шаш қитъа парвоз мекунад. Ҳар сол фурудгоҳи мазкур ба 60 миллион мусофир хизмат расонда дар интиқоли 2,1 миллион тонна бор мусоидат менамояд. Фурудгоҳи Дубай аз се терминали мусофирбарӣ, ду терминали боркашӣ, маркази таъмиру хидматрасонии авиатсионӣ ва дигар манбаҳои  зарурӣ барои фароҳам овардани шароити  мусофирон иборат аст. Масалан, терминали сеюм меҳмонхонаи панҷситорадор, марказҳои фароғатӣ ва толорҳои фитнесс дорад. Аммо на ҳама хоҳишмандон метавонанд аз он истифода баранд, ба ҷуз муштариёни ширкати ҳавопаймоии “Emirates”. Шумо метавонед дар атрофи терминали азим бо истифода аз автобусҳои ройгон ва метрои хурд ҳаракат намоед.

Фурудгоҳ бо роҳи оҳан

Акнун биёед дар бораи фурудгоҳҳои воқеан ғайриоддӣ сӯҳбат кунем. Дар шимоли Зеландияи Нав як шаҳри хурди Гисборн мавҷуд аст, ки дорои фурудгоҳ мебошад. Чун дар наздикии фурудгоҳ нуқтаҳои аҳолинишини калон мавҷуд нест, ҳавопаймоҳо аз ин фурудгоҳ хеле кам истифода мебаранд. сабаби ғайриоддӣ номидани фурудгоҳ дар он аст, ки  аз болои ин хат роҳи оҳан мегузарад ва роҳи оҳани мазкур солҳои тулонӣ ба қатораҳо хизмат мерасонад. Бинобар ин, сарнишинони ҳавопаймо баъзан маҷбур мешаванд, ки дар гирду атроф давр зананд ва интизор шаванд, ки қатораи ҳаракаткунанда аз хатти парвоз убур намояд.

Хатарноктарин фурудгоҳ

Яке аз хатарноктарин фурудгоҳҳо дар ҷазираи Сент-Мартин дар баҳри Кариб ҷойгир аст. Он дар тамоми ҷаҳон ҳамчун фурудгоҳи Малика Ҷулиана маъруф буда дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сохта шудааст. Як канори хатти парвоз дар шафати Махо Бич ҷойгир аст. Маълум мешавад, ки ҳангоми фуруд ҳавопаймоҳо аз болои сари сайёҳон ҳамагӣ дар масофаи кариб 10 метр парвоз мекунанд. Умуман, ҷазираи Сент-Мартинро метавон як макони диққатҷалбкунанда барои истироҳат ҳисобид. Тааҷҷубовар аст, ки ягон ҳодисаи фавқулодда ё хатарнок дар фурудгоҳи мазкур  ба қайд гирифта нашудааст.

Фурудгоҳ бо кӯтоҳтарин хати парвоз ва фуруд

Тақрибан 46 километр дуртар аз ҷазираи Сент-Мартини дар боло зикршуда  ҷазираи Саба ҷойгир аст. Фурудгоҳи Хуанчо Ираускин, ки дар қаламрави он ҷойгир аст, як хусусияти ҷолиб дорад. Хусусияташ дар он аст, ки дарозии хатти парвоз ҳамагӣ 396 метрро ташкил медиҳад. Ҳавопаймоҳо барои паст кардани суръат вақти хеле кам доранд, аз ин рӯ ба ҷазира танҳо сарнишинони ботаҷриба дар ҳавопаймоҳои хурд парвоз менамоянд. Аз ин рӯ, фурудгоҳ ба рӯйхати фурудгоҳҳои хатарнок шомил гардидааст.

Фурудгоҳ бо роҳи автомобилгард

Дар қаламрави хурди Бритониё Гибралтар фурудгоҳи дигаре вуҷуд дорад, ки тааҷуби шахсро меафзояд. Хатти парвози онро як роҳи васеъ, ки дар ин минтақа роҳи асосӣ ҳисобида мешавад, мегузарад. Ҳангоме ки ҳавопаймо парвоз мекунад ё ба фуруд омода мешавад, роҳ баста мешавад ва ронандагон маҷбур мешаванд, ки чанд дақиқа интизор шаванд, то ба ҳавопаймоҳо роҳ диҳанд. Албатта, роҳ пешакӣ баста мешавад, то ки ягон автомобил дар сари роҳи ҳавопаймои азим намонад. Аксар вақт ҳавопаймоҳои ҳарбӣ аз ин фурудгоҳ парвоз менамоянд, вале баъзан парвози ҳавопаймоҳои гражданӣ низ амалӣ мешавад.

Фурудгоҳе бо сад мушкилот 

Чунон ки маълум аст, дар Фаронса осоишгоҳи лижаронии Куршевел мавҷуд аст. Он инчунин бо фурудгоҳ муҷаҳҳаз аст, аммо он хеле хатарнок буда, танҳо сарнишинони ҷасуртар метавонанд тавассути он парвозҳоро амалӣ намоянд. Сабаби мушкилии дигар он аст, ки дарозии хати парвози он ҳамагӣ 525 метр аст. Гузашта аз ин, он ҳамвор нест, балки нишебии чанд дараҷа дорад. Гарчанд мусофирони ҳавопаймо, ки дар ин ҷо фуруд меоянд, душворӣ мекашанд, аммо онҳо имкон доранд, ки аз зебоии кӯҳҳои алп лаззат бурда, аз минтақаи наворбардории филми “Фардо ҳеҷ кас намемирад”, ки дар бораи агент Ҷеймс Бонд ба навор гирифта шудааст, дидан намоянд.

Фурудгоҳи Антарктида

Хуб, дар ниҳоят рӯйхат оид ба фурудгоҳи Ice Runway, ки дар Антарктикаи сард ҷойгир аст, маълуот пешниҳод менамоем. Дар хати парвоз асфалт/мум ва рег вуҷуд надорад - танҳо ях бо қабати барф дида мешавад. Агар ҳавопаймо дар Антарктида фуруд ояд, бояд хатти парвоз аз барф тоза карда шавад. Одатан, ҳавопаймоҳо барои интиқоли бор ва мусофирон то истгоҳи Мак-Мердо истифода мешаванд. Ҳавопаймоҳо ҳамеша дар зери хатари афтодан ба ях қарор доранд, аммо ҳатто ҳавопаймоҳои бузурге ба мисли Lockheed C-5 Galaxy тавонистанд, ки дар хатти парвоз бомуваффақият фуруд оянд. Дар ибтидои моҳи декабр хати парвоз ва фуруд ҳамеша баста мешавад, зеро он вақт шикастани ях оғоз мешавад.