Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ИҶЛОСИЯИ ҲАБДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ БАРГУЗОР ШУД

ИҶЛОСИЯИ ҲАБДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ БАРГУЗОР ШУД
304

Чоп кардан

Имрӯз дар пойтахти мамлакат иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум бо роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар кори иҷлосия муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.

Нахуст вакилон масъалаи иҷрои «Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028» ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин соҳаро мавриди баррасӣ қарор дода, дар робита ба ин муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе гузориш дод.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ  ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таҳия намудани шаклҳои нави ҳисоботи оморӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода,  гузаронидани арзёбии техникии иқтидори низоми мониторинг ва пешгӯии ҳолатҳои фавқулода, омода намудани мураббиёни озмудашуда аз ҳисоби фаъолони аҳли ҷомеа баҳри мусоидат дар вазъияти ҳолатҳои фавқулода, сифатнок иҷро намудани барнома ва дигар масъалаҳои муҳим дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар идома ҷараёни татбиқи Стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кор бо занон ва оила бо мақсади фаъолгардонии нақши занон дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт муҳокима гардида, вобаста ба ин масъала ҳисоботи муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Раиси шаҳри Душанбе дар ин робита ба муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдори шаҳрӣ дастур доданд, ки бо мақсади иҷрои босифати Стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кор бо занон ва оила ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи занон, бештар намудани чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ ва омӯзишию фароғатӣ байни занон, ривоҷ додани таҷрибаи пешбурди корҳои хонагӣ оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, ташкили даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳа, корхонаҳо ва ҷалби марказҳои ҳунармандӣ, соҳибкасб гардонидани занони бешуғл, ба занон-хизматчиёни давлатӣ омӯзонидани на кам аз ду забони хориҷӣ, дар назди мақомот ташкил намудани Шурои соҳибкорзанон истифодаи тамоми имконияти мавҷударо амалӣ намоянд.

Дар идома вакилон Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар амал татбиқ гардидани Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор дода, вобаста ба ин масъала гузориши муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини соҳавӣ якҷо бо сохторҳои дахлдори шаҳрӣ вобаста ба тақвият бахшидани лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» бо назардошти ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, омода кардани мутахассисон дар ҳама самтҳои идоракунии рақамӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар низоми равшаннамоии роҳу роҳравҳо, хиёбону кӯчаҳои шаҳр ва тақвияти корҳо дар ҳамаи соҳаҳо баҳри ҳарчи тезтар гузаштан ба иқтисоди рақамӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни иҷлосия ба муовинони соҳавӣ ва масъулин дастур доданд, ки истифодаи самараноки қувваи барқ, равшанидиҳии берунаи атрофи мактабу боғчаҳо, муассисаҳои тандурустӣ, биноҳои баландошёна ва дигар корхонаву ташкилотро тариқи батареяҳои офтобӣ ва таъмини гармиро ҳангоми бунёди корхонаҳои саноатии бузург тариқи дегхонаҳои автономӣ дар амал татбиқ намоянд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе