Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

СУҚУТИ ҲАВОПАЙМОИ ИЛ-76

СУҚУТИ ҲАВОПАЙМОИ ИЛ-76
346

Чоп кардан

Ҳавопаймои низомӣ-нақлиётии Ил-76-и Россия дар вилояти Иваново, дар наздикии фурудгоҳи Северний суқут намуд. Тавре зикр гардид, дар ҳавопаймо 15 нафар, аз ҷумла ҳашт аъзои экипаж ва ҳафт мусофир қарор доштанд. Тибқи изҳороти масъулин фалокати мазкур бо сабаби оташ гирифтани яке аз муҳаррикҳо ҳангоми парвоз ба вуқуъ омдааст.   

Воҳидҳои вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Россия дар маҳалли суқути ҳавопаймои низомӣ-нақлиётии Ил-76 дар вилояти Иваново амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотро анҷом доданд. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс бо такя ба маълумоти ҳукумати вилоят хабар медиҳад.

Губернатори вилояти Иваново Станислав Воскресенский эълон намуд, ки сӯхтор дар маҳалли суқути ҳавопаймо хомӯш карда шуда, ба маҳалҳои аҳолинишин зарар нарасидааст. Инчунин гуфта шуд, ки ба хонаводаҳои сарнишинони ҳалокшуда ҳама гуна кумакҳо расонида мешавад.

Ҳодисаи мазкур бо ҳавопаймои Ил-76 дар соли равон маротибаи дуввум аст, ки рух медиҳад.