Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БАРОИ БУНЁДИ БИНОИ ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БАРОИ БУНЁДИ БИНОИ ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
380

Чоп кардан

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт санги асос гузошта, бо лоиҳаи иншоот шинос шуданд.

Бинои нави Вазорати саноат ва технологяҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 14 маҷлисгоҳ, толори барҳаво бо 500 ҷойи нишаст ва ошхона барои 200 нафар мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдори соҳа супориш доданд, ки иншооти навро бо назардошти сохти меъмории замонавӣ, босифат, мусоид барои кору хизматрасонӣ ва дар муҳлати муайяншуда сохта ба истифода диҳанд.

Дар бинои нав барои кормандони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба талаботи замони муосир ҷиҳати хизматрасонии сатҳи баланд ба соҳибкорону сармоягузорон ва таҳияи лоиҳаҳои корхонаҳои саноатӣ имконият фароҳам оварда мешавад.

Бунёду ба истифода додани бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Солҳои рушди саноат» туҳфаи арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону мутахассисони соҳа мебошад.

Бо иҷрои супоришҳои пайвастаи Роҳбари давлат бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими созандагиҳо дар шаҳри Душанбе ба таври намунавӣ таъмин карда шудааст.

Бинои нав дар идомаи иқдомҳои шаҳрдорӣ ба ободии дучанди пойтахти мамлакат мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки тамоми кормандони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як ҷой муттаҳид ва пешбурди фаъолиятро дар шароити сатҳи баланди хизматрасонӣ таъмин намоянд.

Бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар майдони 65 садяк давоми 2 сол сохта шуда, саҳни он мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ зебою назаррабо гардонида мешавад.

 
                                           http://prezident.tj/node/32945