САҲМИ МЕТЕОРОЛОГҲО ДАР ПЕШГӮИҲОИ ДАҚИҚ
23-юми март дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии метеорологҳо таҷлил мегардад. Ин сана аз рӯзи қабули Конвенсияи Созмони байналмилалии метеорологҳо, ки 23-юми марти соли 1950 сурат гирифта буд, сарчашма мегирад.
Рӯзи умумиҷаҳонии метеорологӣ (Рӯзи метеорологҳо) нишонаи эҳтиром ва миннатдорӣ ба шахсонест, ки касби ҷолиб, вале дар айни замон хеле душворро интихоб намудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки алҳол дар ҷумҳурӣ як маркази авиатсионии метеорологӣ дар шаҳри Душанбе ва се Истгоҳи авиатсионии метеорологии шаҳрвандӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар фаъолият дошта, дар маҷмӯъ дар онҳо беш аз 40 нафар мутахассисон ба мушоҳида ва пешгӯии обу ҳаво барои аэродромҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул мебошанд.
Метеорологи авиатсионӣ мутахассисест, ки дар бораи шароити обу ҳаво барои парвозҳо маълумот ҷамъ менамояд. Обу ҳаво яке аз омилҳои асосии хатарнок барои авиатсия ба ҳисоб меравад. Аммо вақте ки сухан дар бораи таъмини бехатарии парвозҳо меравад, диққат ба ҳавонавардон, танзимгарон ё наҷотдиҳандагон дода мешавад. Дар баробари ин кори ноаёни метеорологҳои авиатсионӣ ҳам нақши муҳим мебозад. Метеорологҳо маълумотҳоро ҷамъ ва коркард намуда, ба истифодабарандагони авиатсионӣ маълумотҳои дақиқ ва боэътимодро дар бораи шароити обу ҳаво пешниҳод менамоянд.
Аксар вақт маҳз кори онҳо барои пешгирӣ кардани хатарҳои авиатсионӣ ва таъмин намудани бехатарии парвозҳо кӯмак мекунад. Метеорологияи авиатсионӣ бошад яке аз соҳаҳои татбиқшавандаи метеорология дар маҷмӯъ мебошад.
Аз ин лиҳоз, роҳ ба сӯи касб на бештар аз донишгоҳҳои махсуси авиатсионӣ, балки тавассути донишгоҳҳои махсусгардонидашудаи ҷуғрофия, геодезия, иқлимшиносӣ ва ғайра мегузарад. Аммо, дар охир аз мутахассисони метеорологии авиатсионӣ талаб карда мешавад, ки дараҷаи махсусан баланди касбӣ дошта бошанд. Бо ин мақсад дар давоми 5 соли охир 40 нафар мутахассисони Маркази авиатсионии метеорологӣ ва Истгоҳҳои авиатсионии метеорологии шаҳрвандии филиалҳои Корхона дар Муассисаи таълимии федералии давлатии буҷавии таҳсилоти иловагии касбии “Донишкадаи такмили ихтисоси кормандон ва мутахассисони роҳбарикунанда”-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия таҳсилро бомуваффақият хатм намуда, соҳиби диплом ва сертификат гардидаанд.
Пешгӯиҳои кӯтоҳмуддати авиатсионӣ аз пешгӯиҳои дарозмуддати обу ҳаво ба куллӣ фарқ мекунанд. Таҳияи пешгӯиҳои кӯтоҳмуддати обу ҳаво назар ба пешгӯиҳои дарозмуддат душвортар аст, зеро онҳо бояд дақиқ ва боэътимод бошанд. Муҳандис-метеоролог барои истифодабарандагони хатсайрҳои бурунмарзӣ ва хатсайрҳои дохили кишвар, яъне хатсайрҳои маҳаллӣ пешгӯиҳои кӯтоҳмуддатро тартиб медиҳад. Пешгӯиҳо на танҳо атрофи фурудгоҳ, балки ба минтақаҳои қад-қади хатсайр низ дахл доранд. Ғайр аз ин, гурӯҳи муҳандисон огоҳиҳо оид ба ҳодисаҳои метеорологӣ, ки метавонанд ба воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ дар замин ва ҳаво таъсири манфӣ расонанд, пешниҳод менамоянд.
Илова бар ин, аз тарафи мутахассисони марказ ҳармоҳа намунаҳо ва ҷадвалҳои иқлимии чор аэродромҳои ҷумҳурӣ тартиб дода мешаванд.
Дар баробари пешгӯии дақиқ, суръати паҳнкунии иттилоот ва огоҳии саривақтӣ аҳамияти асосӣ дошта, айни замон метеорологияи авиатсионӣ ҳамчун як шохаи иттилоотӣ фаъолияти худро бо навтарин таҷҳизотҳо ва барномаҳои метеорологӣ ба роҳ мондааст. Илова бар ин бо назардошти рушди соҳа ва дастрас намудани таҷҳизоти муосир аз тарафи роҳбарияти корхона имрӯз наздик ба 90 фоизи пешгӯиҳо ва мушоҳидаҳои мутахассисони бахши обуҳавошиносии марказ доир ба вазъи обу ҳаво дуруст ва саҳеҳ пешниҳод мегардад.
Дастгирии пайвастаи роҳбарияти корхона ва таъмини Маркази авиатсионии метеорологӣ бо таҷҳизотҳои муосири техникӣ, ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба омӯзиши иловагии касбӣ боиси ҳавасмандии кормандон гардида, сифати ҷамъ ва коркарди маълумотрасонии дақиқ дар доираи васеи параметрҳои атмосфера, аз қабили суръат ва самти шамол, абрнокӣ, эҳтимолияти турбулентӣ, яхбандӣ дар баландиҳои гуногун, фишор, намуди зоҳирии амудӣ ва уфуқии бинишро баланд мегардонад.
Чун дар арафаи иди Наврӯзи оламафрӯз дар саросари олам Иди байналмилалии метеорологҳо низ ҷашн гирифта мешавад, бо камоли эҳтиром намояндагони ин самт, бахусус кормандони аҳлу тифоқи Маркази авиатсионии метереологии корхона ва кулли кормандонро, ки дар ин самти душвору заҳматталаб софдилона ва пурмасъул фаъолият доранд, бо иди касбияшон самимона табрик намуда, барояшон зиракӣ ва эҳтиёткориро таманно менамоем, чунки амнияти мусофирон, саломатии сарнишинон ва бехатарии мусофиркашҳои ҳавоӣ дар ҳаво ба донишу малака ва таҷрибаи метереологҳо сахт марбут аст!
Маина Мамадносирова
Муҳаббат Иброҳимзода
Кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия”