Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТАНТАНАИ НАВРӮЗ ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”

ТАНТАНАИ НАВРӮЗ ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”
564

Чоп кардан

Имрӯз дар Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” дар қатори дигар ташкилоту муассисаҳои кишвар ҷашни миллии Наврӯз бо як шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Ҷамъомади идонаро бо сухани муқаддимавӣ муовини аввали Директори генералӣ Шодмонбекзода Даврон ҳусни оғоз бахшида, кулли кормандон ва дар шахсияти онҳо мардуми шарифи кишварро бо ин иди хуррамию шукуфоӣ таҳният гуфт. Ҳамчунин зимни суханронии хеш аз таърих ва суннатҳои иди Наврӯз ёдоварӣ намуда, талошҳои пайгирона ва фарҳангсолоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушд ва ҷаҳонишавии ин иди воқеан фархунда махсусан қайд намуд.

 

Сипас муовини Директори генералии корхона Саидзода Раҳимҷон, муовини сардори Маркази таълимии авиатсионӣ Аббос Афсаҳзод, сармутахассиси Маркази матбуот Иброҳимзода Муҳаббат, Раиси Иттифоқи касабаи кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Эмомназар Сироҷзода, сардори Шӯъбаи ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ, мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқуллода Илҳом Муродов ва радиооператори объекти радиобюрои уқдаи алоқаи барқии авиастионии Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии ависатионии корхона Давлатова Гулҷаҳон баромад намуданд.

 

Таъкид гардид, ки дар масири таърихи дарози миллати тоҷик Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст. Агар забони тоҷикӣ ҳомии осори фаровону ҷовидонаи илмиву адабӣ ва ҳофизаи таърихии мардуми тоҷик бошад, ҷашни Наврӯз дарбаргирандаву нигоҳдорандаи суннатҳои зиндаи халқ, расму ойинҳо ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Талошу кушишҳо ва иқдомҳои хирадмандонаву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Наврӯз соли 2010 дар асоси Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ касб намуд. Тавсеа пайдо кардани фарҳанги наврӯзӣ ҳамовозии давлатҳои ҳавзаи Наврӯзро ба вуҷуд оварда, роҳро барои муколамаву гуфтугӯҳо ва ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ, илмиву адабӣ ва фарҳангиву ҳунарӣ ҳамвор сохт.

   

Ҳангоми ёдовари аз таърихи бостонии Наврӯз қайд гардид, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ барои таҳқиқу омӯзиши ҳамаҷонибаи суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва маросиму ҷашнҳои асили миллиамон, аз ҷумла Наврӯз, Сада, Тиргон, Меҳргон ва оммавӣ гардонидани онҳо имконият пайдо гардид.

Боиси ифтихору қаноатмандист, ки Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи ғаниву рангинаш ҳамчун рамзи рӯзи нав, оғози соли нав ва иқдому ташаббусҳои нав ба беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми мо табдил ёфтааст. Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонии миллии тоҷик ва мардумони ҳавзаи тамаддуни он дар миқёси байналмилалӣ таҷлил мегардад, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистони мебошад. Ёдовар бояд шуд, ки ойинҳои наврӯзӣ сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ мебошанд ва аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ, офаридани зебоӣ ва зебоипарастӣ ҳидоят менамоянд. 

Умед аст, ки фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалӣ ба тамоми мардуми кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз шодиву нишот ва пирӯзиву иқболи нек меорад.

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”