Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ИДОМАИ ВОХӮРИҲО ДАР CANSO

ИДОМАИ ВОХӮРИҲО ДАР CANSO
489

Чоп кардан

Дар чорабинии бонуфузи байналмилалии “Ҷаҳони фазои ҳавоӣ-2024 – Airspace World 2024”, ки аз 19-ум то 21-уми марти соли 2024 дар шаҳри Женеваи Швейтсария ҷараён дорад, дар қатори 7000 мутахассисони барҷастаи соҳа аз 140 кишварҳои ҷаҳон директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон низ ба ҳайси намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, бо як зумра намояндагони ширкатҳои бонуфузи аэронавигатсионии байналмилалӣ мулоқотҳои судманд баргузор намуд.

Хизматрасонии харакати ҳавоӣ, таъмини бехатарии парвозҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар мулоқот бо директори генералии CANSO Саймон Хокард, директори минтақавии Аврупоии CANSO ва Директори генералии Эра ва ҳамкориҳои минбаъдаи онҳо бо КВД “Тоҷикаэронавигатсия” мавзӯъи калидии маҳсуб меёбад.

Ҷонибҳо дар вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осиёи марказӣ изҳори ҳавасмандӣ баён намуда, атрофи омодагии худ оиди ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди оянда ибрози назар намуданд.

Инчунин, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ, истифодаи технологияҳои замонавӣ ва инноватсионӣ дар мулоқоти директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон бо дигар шарикони хориҷӣ таҳти баррасӣ қарор гирифт.

   
 Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигасия”