Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
256

Чоп кардан

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо камоли хушнудӣ ифтитоҳи хатсайри нави мустақиму мунтазамро аз Душанбе ба пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона эълон медорад. Хатсайри нав шабакаи парвозҳои ширкатро тавсеа дода, ба рушди устувори равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон такони тоза мебахшад ва ҳамзамон барои мусофирон имкони иҷрои парвозҳои мустақимро байни пойтахтҳои ду кишвар фароҳам меорад. Нахустин парвоз аз Душанбе ба Остона санаи 2-юми апрел ба нақша гирифтаа шудааст ва тавре интизор меравад парвозҳо ҳафтае як маротиба, рӯзҳои сешанбе анҷом дода мешаванд. Аз санаи 19-уми апрел бошад, шумораи парвозҳо аз Душанбе ба Остона то ду парвоз дар як ҳафта - рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа зиёд карда мешавад.

***

Мақомоти вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад тавассути бузургтарин шабакаи фурудгоҳҳои минтақавии ширкати русии “Новапорт” ба минтақа сайёҳони бештарро ҷалб намояд, - хабар медиҳад ҳукумати вилоят баъд аз мулоқоти раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо директори тиҷоратии ширкати “Новапорт”, Сергей Дмитриев.

***

Аз моҳи июни соли 2024 ширкати “FlyArystan” парвозро дар масири Алмаато - Намангон - Алмаато дар як ҳафта ду маротиба оғоз менамояд.

***

Мутахассисони Донишгоҳи миллии тадқиқотии политехникии Перм (PNIPU) тарҳи муҳаррики ҳавопайморо таҳия намуданд, ки он 10% садои ҳавопайморо коҳиш медиҳад.

***

Дар натиҷаи обхезӣ Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Актобеи Қазоқистон 14 парвозро ба далели тоза кардани хатт парвоз ва фурудро ба таъхир гузошт. Бино ба иттилоъи ниҳоди ҳолатҳои фавқуллодаи Қазоқистон, мардуми минтақаи аз офати табии зарардидаро низ ба ҷои бехавф интиқол доданд.

***

Аз 1-уми май ширкати “ЮВТ Аэро” парвозҳои Калуга - Қазон ва Калуга - Екатеринбургро оғоз менамояд.

***

Дар охири моҳи март ширкати “Аэрофлот” аз агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ барои парвозҳои доимӣ аз Москва ба минтақаи махсуси маъмурии Ҷумҳурии Мардумии Чин — Макао ва шаҳри Тунис иҷозат мегирад.

***

27-уми марти соли 2024 дар фурудгоҳи Домодедово ҳавопаймои ширкати “Emirates” Airbus A380, ки ба Дубай парвоз менамуд, бо нақлиёти обкашӣ бархӯрд. Дар ин ҳавопаймо мусофирон набуданд.

***

Шаби 27-уми март дастгоҳи фуруди ҳавопаймое, ки аз Уфа ба Сургут парвоз мекард, дар осмон оташ гирифт. Экипажи ҳавопаймо ба танзимгарон дар бораи сӯхтор хабар дода, ҳавопаймо ба фурудгоҳ баргашт. Ҳангоми ҳодиса дар ҳавопаймо шаш узви экипаж ва 118 мусофир ҳузур доштанд. Дар рафти санҷиш касе осеб надидааст ва ягон аломати сӯхтор нишон дода нашудааст.

***

Идораи авиатсияи гражданӣ ва фурудгоҳҳои Сомалиланд (SCAAA) гуфт, ки 24-уми март ҳавопаймоҳои Boeing 777-и ширкати “Emirates” ва Boeing 737 MAX-и Эфиопия ҳангоми парвоз дар болои Сомалиланд аз бархӯрд ҷилавгирӣ намуданд. Тақрибан як моҳ пеш чунин ҳодиса рух дода буд, ки ҳодисаи мазкур боиси нигаронии афзоянда дар бораи бехатарӣ ва салоҳияти танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ дар минтақа гардид.

***

(Манбаъ: Сомон Эйр, AVIA.RU, Aviation Explorer, Aviation Source News, Simple Flying)