Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ФИРЕБИ МУСОФИРОН ДАР ФУРУДГОҲҲО

ФИРЕБИ МУСОФИРОН ДАР ФУРУДГОҲҲО
340

Чоп кардан

Дар фурудгоҳҳои Русия як гуруҳ қаллобон худро кормандони муассисаҳои қарзӣ муаррифӣ намуда, ба фиреби мусофирон машғул гардиданд. Ин тоифа бо пешниҳоди азнавкунии замимаҳои бонкӣ ба маълумотҳои молиявӣ дастрасӣ пайдо намуда, маблағҳои онҳоро ба ҳисоби худ интиқол медиҳанд, менависад “Известия”. Мусофирон ҳангоми парвоз аз огоҳии смс пайомакҳо воқиф намешавад. Тибқи иттилооъи масъулин қаллобон танҳо дар бандарҳои нақлиётӣ, аз ҷумла фурудгоҳҳои калон, минтақаҳои парвозҳои байналмилалӣ ва истгоҳҳои калон ба ин амали номатлуб машғул буда, бадин васила ба мусофирон зарари молиявӣ мерасонанд.

Ба гуфтаи масъулин, ин нуктаҳои фуруд ва интиқоли фурудгоҳҳо ва истгоҳҳо таҳти назорати доимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният қарор доранд. Аз ин рӯ, мусофирон эътимод доранд, ки ба фиреби қаллобон дучор намешаванд.

Бар асари таҳримҳо, хизматрасонии муассисаҳои қарзии калони Русия аз App Store ва Google Play хориҷ гардида, бонкҳо зеркашии барномаҳои мобилиро бо роҳҳои ғайримуқаррарӣ ба роҳ мондаанд, ки ин боиси эътимод пайдо намудани мусофирон ба фиреби қаллобон мебошад.   

Аз ин рӯ, бонкҳо ба муштариён пешниҳод менамоянд, ки барномаҳои мобилии бонкҳо дар дар филиали ҳар як бонк зеркашӣ гардад. Масалан, дар моҳи декабри соли 2022 “Сбер” чунин хизматрасониро оғоз намуд. Барои ин муштарӣ бояд бо смартфони худ ба офис бонк равад ва корманд барномаро насб намояд.

 
АКС аз манбаъҳои боз