Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ИНТИҚОЛИ ТАҶҲИЗОТҲОИ НЕРУДИҲАНДАИ БАРҚӢ ТАНҲО ДАР БАҒОҶИ ДАСТӢ

ИНТИҚОЛИ ТАҶҲИЗОТҲОИ НЕРУДИҲАНДАИ БАРҚӢ ТАНҲО ДАР БАҒОҶИ ДАСТӢ
394

Чоп кардан

Бо мақсади таъмини бехатарии парвозҳо Фурудгоҳи байналмилалии Шереметево ва ширкати “Аэрофлот” ба муштариён ёдовар намуд, ки дар бағоҷ интиқоли таҷҳизотҳои нерудиҳандаи барқӣ (батареяҳои беруна, Power Bank) манъ аст. Тибқи муқаррарот, интиқоли пуркунандаи барқ танҳо дар бағоҷи дастӣ иҷозат дода мешавад, - хабар медиҳад AVIA.RU.

Тавре ки дар паём қайд карда мешавад, таҷҳизотҳои нерудиҳандаи барқии сайёр, ки дар бағоҷи худ бурда мешавад, бояд дуруст бастабандӣ карда шавад, то аз расиши кӯтоҳи эҳтимолӣ бо роҳҳои зерин муҳофизат карда шавад: ҷойгир намудани дастгоҳ дар бастаи аслии чакана; печонидани лентаи изолятсионӣ атрофи пайвандакҳои кушода; интиқоли ҳар як батарея дар халтаи пластикии алоҳида ё рӯпӯши муҳофизатӣ.

Таҷҳизотҳои нерудиҳандаи барқие, ки ҳангоми кофтукови бағоҷи санҷидашуда ёфт шудааст, мусодира карда мешавад. Бағоҷро ҳам дар ҳузури мусофир ва ҳам дар набудани ӯ кушодан мумкин аст.

Маълумоти муфассал дар сомонаи расмии фурудгоҳи Шереметево оварда шудааст. Ин тадбирҳо танҳо бо мақсади таъмини амнияти авиатсионӣ тибқи Қоидаҳои санҷиши пеш аз парвоз ва пас аз парвоз амалӣ карда мешаванд (Фармони Вазорати нақлиёти Русия аз санаи 25-уми июли соли 2007 № 104).

              АКС аз манбаъҳои боз