Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ПАРВОЗИ ШИРКАТИ НАВ ДАР МАЛТА

ПАРВОЗИ ШИРКАТИ НАВ ДАР МАЛТА
261

Чоп кардан

31-уми март ширкати нави давлатии ҳавопаймоии “KM Malta Airlines” дар Малта ба ҷойи ҳавопаймои миллии “Air Malta” парвозҳоро ба роҳ монд, хабар медиҳад avianews.com. Ширкати нави ҳавопаймоӣ тавассути ҳашт ҳавопаймои Airbus A320 парвозҳоро аз Малта ба 15 шаҳри Аврупо, аз ҷумла Амстердам, Берлин, Брюссел, Вена, Дюсселдорф, Катания, Лион, Лондон, Мадрид, Милан, Мюнхен, Париж, Прага, Рум ва Тсюрих ба роҳ мемонад.

Ширкати “Air Malta”, ки соли 1974 таъсис ёфта, дар 20 соли охир ба давлат танҳо зиён овард. Пас аз он ки Комиссияи Аврупо ба ҳукумати Малта ҷудо намудани як қисми дигари кӯмаки молиявӣ барои нигоҳ доштани ширкати ҳавопаймоиро таъқиқ намуд, мақомот тасмим гирифтанд, ки Air Malta-ро тибқи нақша баста шаванд. Ширкати ҳавопаймоӣ таърихи 50-солаи худро бо охирин парвози худ 30-юми марти соли 2024 анҷом дод.

Ширкати нави давлатии ҳавопаймоии “KM Malta Airlines” расман аз сифр таъсис дода шуд, аммо дар асл парк, кормандон ва шабакаи хатсайрҳои ширкати “Air Malta”-ро мерос гирифт. Ҳукумати Малта барои аз нав фаъол намудани ширкати ҳавопаймоии миллӣ 350 миллион евро харҷ намуд.

Мисоли Малта дар Иттиҳоди Аврупо аввалин нест, ки ҳукуматҳо маҷбур мегарданд ширкатҳои ҳавопаймоии давлатиро бо сабаби мамнунияти Комиссияи Аврупо оид ба субсидияҳои минбаъда ба интиқолдиҳандагони ҳавоӣ банданд. Бо ин сабаб дар Венгрия ширкати ҳавопаймоии “Malev”, дар Эстония – “Estonian Air”, дар Италия – “Alitalia” парвозҳои худро қатъ намуданд.