НАТИҶАҲО ДАР СЕ МОҲИ АВВАЛ
Санаи 17-уми апрели соли 2024 дар толори ҶСК «Тоҷик Эйр» ҷаласаи ҳисоботи семоҳаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК «Сомон Эйр», «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» , фурудгоҳҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Дилшод, Прокурори нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал Юсуфӣ Музаффар ва муовини сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Маҳмуд ширкат намуданд. Ҷаласаро Директори агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода ифтитоҳ намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳои авиатсионии кишвар дар семоҳаи аввали соли 2024 ахборот доданд.
Зимни суханронии худ Дилшод Сафарзода атрофи дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷаҳои фаъолияти босамар, беҳтар гардонидани фаъолияти авиатсионии ҷумҳурӣ, афзоиши парвозҳо ва ифтитоҳи долонҳои нав тавассути ҳарими ҳавоии кишвар, рушди ҳамкориҳо бо ширкатҳои сохтмонии иншоотҳои авиатсионӣ, истеҳсолкунандагони таҷҳизоти соҳаи авиатсионӣ, инчунин қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳо ва тавсияҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), таҳияи супоришҳои фаннӣ ва ҷалби сармоя барои модернизатсияву тармими низому таҷҳизотҳои таъминоти радиотехникиву метеорологӣ, ивази локаторҳои мухталифи гуногунхизмат, татбиқи нақшаи рушди соҳа, сифатнокии хизматрасониҳо ба талаботҳои муосири ҷаҳонӣ, мутобиқ намудани инфрасохтори соҳа ва натиҷаҳои назарраси бадастовардаи корхонаҳои соҳа дар семоҳаи аввали соли равон ибрози назар намуд.
Ҳамчунин иброз гардид, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи авиатсияи гражданӣ бо кишварҳои ҷаҳон алоқаи ҳавоӣ дошта, бо мақсади рушди алоқаи ҳавоӣ бо кишварҳои дуру наздики олам дар соли сипаригардида Лоиҳаи Созишномаҳои алоқаи ҳавоӣ бо Шри Ланка, Малайзия, Малдова, Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Маҷористон ва дигар кишварҳои ҷаҳон таҳия ва дар баррасӣ қарор доранд.
Сипас Прокурори нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал Юсуфӣ Музаффар ба сухан баромада, ҷиҳати босамар истифода намудан аз техналогияҳои замонавӣ, навсозӣ, риоя намудан ба қонунҳои амалкнанда, кодекси меҳнат андешаронӣ намуда, мафсуф қайд намуданд, ки бо рисолату маданият ва фарҳанг , бо забондониву малакаи касбӣ метавон дар арсаи олам Тоҷикистон ва миллати тамаддунофари тоҷикро муаррифӣ кард.
Атрофи соли ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ва риоя намудан ба қарору қонунҳои ба тасвибрасида, азҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анана ва ҷашну маросим» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ директори генералии Авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода сухан ронда, дар фарҷом ба меҳмонон барои ташриф ва андешаҳои бикрашон арзи сипос намуд.
Маркази матбуоти
КВД «Тоҷикаэронавигатсия»