Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ҚОНУН КАФИЛИ САОДАТУ ПИРӮЗИСТ

ҚОНУН КАФИЛИ САОДАТУ ПИРӮЗИСТ
313

Чоп кардан

Санаи 3-юми майи соли равон дар толори КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бахшида ба "Соли маърифати ҳуқуқӣ"  эълон намудани соли 2024 чорабинӣ доир гардид, ки дар он судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа ва роҳбари дастгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулзода Абдумаҷид Абдуҳамид ширкат варзиданд.   Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ муовини аввали директори генералӣ Даврон Шодмонбекзода ифтитоҳ ва ҳозиринро хайрамақдам гуфта, атрофи қонун ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус иҷрои ин амри воқеӣ ва инъикоскунанда дар корхонаи мазкур ибрози назар  намуд.

 

Сипас дар мавзӯи  “Маърифати ҳуқуқӣ аз донистан, риоя ва иҷрои меъёрҳои Конститутсия маншаъ мегирад”  Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа баромад намуда, оиди волоияти қонуну тартибот, пешгирии амалҳои ношоиста ва қонунвайронкунӣ аз ҷониби сокинони мамлакат  мисолҳои мушахас баён дошт. Меҳмони дигар Гулзода Абдумаҷид низ суханони ӯро тақвият бахшида, перомуни нақши Сарқонун дар раванди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд, таъмини бехатарии мардум аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро, қалобону мардумфиребон ва дигар паҳлуҳои он андешаронӣ намуд.


   

Пас аз баромадҳои пурмӯҳтаво миёни масъулин ва кормандони корхона мубодилаи афкор  сурат гирифт, ки мушаххас ва муассир баён гардиданд.

Дар интиҳо роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”  барои иштироки фаъолона ба меҳмонон арзи сипос намуда, ба  чорабинии мазкур ҳусни анҷом бахшид.

 


  Маркази матбуоти

КВД “Тоҷикаэронавигатсия”