БАРДОШТИ АҲЛИ КИШВАР АЗ ВОХӮРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Бо мақсади дар амал татбиқ гардидани Амри Президенти Мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 дар толори КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҳамоиши ҳуқуқӣ баргузор гардид, ки дар он Прокурори нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал Юсуфӣ Музаффар ва сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ генерал-летенанти милитсия Солеҳзода Искандар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Солеҳзода Искандар зимни баромади хеш дар ҳошияи вохӯрии Пешвои муаззами миллат бо фаъолони кишвар ва ходимони дин, ки 9-уми марти соли равон доир гардида буд, ибрози назар намуда, таъкид бар он дошт, ки дар шомил гардидани ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ифратгаро маҳз падару модарон гунаҳкоранд. Ҳамчунин бо ҳисси нигаронӣ ёдовар шуд, ки имрӯз ҳатто хонандагони мактаби миёна ҳам, ки вазифаи асосии онҳо илм азбар намудан аст, озими Мадинаи мунаввара мегарданд, вале мақомотҳои дахлдори шаҳру ноҳия, мактаб ва мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ҳангоми омода намудани ҳуҷҷатҳо ба ин хато чашм мепӯшанд.
Юсуфӣ Музаффар низ бобати нақши қонун дар таҳким ва пойдории давлат, дар ҳифзи зиндагӣ ва фаъолияти рӯзмараи сокинони кишвар суханронӣ намуда, баргузории чунин вохӯрӣ ва ҳамоишҳоро бо иштироки намояндагони корхонаҳои ваколатдор ва оммаи мардум , хоса бо наврасону ҷавонон манфиатбахш арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунини баён дошт, ки обруву мартабаи давлат ва миллатро маҳз нафароне мебардоранд, ки дорои маърифати баланди ҳуқуқиянду дар оила тарбияи дуруст аз бар кардаанд.
Дар фарҷом роҳбарияти корхона барои иштирок ва ибрози андешаҳои муассир ба меҳмонон арзи сипос намуда, қайд намуданд, ки натанҳо як сол, балки дар зиндагии ҳамарӯза, дар фаъолияти босамари корхона атрофи волоияти қонун ва нақши он дар пешрафти кишвар семинар ва чорабиниҳоро доир менамоянд.
Маркази матбуоти
КВД “Тоҷикаэронавигатсия”