СУХАН ДОНИСТАВУ САНҶИДА МЕГӮЯД
9-уми марти соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин мулоқот ва суханронӣ намуданд, ки он тавассути васоити ахбори омма ба гуши кулли мардуми бофарҳанги кишвар расонида шуд ва мардум онро бо як дилгармӣ ва ҳисси баланди хештаншиносию фарҳангсолорӣ қабул намуданд.
Ҳар як сухани Пешвои муаззами миллат саршори меҳру ихлос, саршори хоҳишу таъкид ба халқро таҷассум мекард, ки онро аз хурд то бузург пайхас намуд ва месазад бо боварӣ ва эътиқод ин фарди орифу оқил ва ватандӯстро ояндабини асил гуфт.
Пешвои миллат ба масоили мубрами давлатдории миллӣ, риояи қонуният, сарфаю сарфаҷӯӣ, кӯмак ба ниёзмандон ва дигар масъалаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ диққати махсус дода, чунин зикр намуданд: «Имрӯз мехоҳам доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ибрози андеша намоям. Баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки мо бояд имрӯз доир ба онҳо кушоду равшан назари худро гӯем, равандҳои номатлубро баррасӣ намоем ва пеши роҳи онҳоро гирем, ки мисли ҳодисаҳои солҳои 90-ум боз ягон фоҷиаи дигар сар назанад».
Андешаҳои саршори дарди Пешвои миллат атрофи ба Мадинаи мунаввара сафар намудани толибилмон ва сазовор гардидани онҳо ба унвони баланди “Ҳоҷӣ” низ мутмаинам аҳли кишвар, хоса модаронро бетараф гузошта наметавонад. Ҷаноби Олӣ дар ин амал падару модаронро гунаҳкор менамоянд, вале ба андешаи мо айб дар даҳҳои дигар низ вуҷуд дорад, ки онро “бетарафӣ” бояд ном бурд. Ва маҳз ана ҳамин бетарафӣ ва айби якдигарро чун шона мӯ ба мӯ гуфтанҳо буд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари ҳамешабаҳори Тоҷикистон сар зад ва роҳбари миллати тоҷикони олам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз он вайронгаштаҳоро обод карда истодаанд.
Ҳама шуниданд, вале ин ҷо боз ёдовар мешавем аз суханони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин радиф: - «Инқилобҳои ранга ва дигар равандҳои ба онҳо монанд, ки мисли ҷанги таҳмилии шаҳрвандии Тоҷикистон тарҳрезӣ шуда буданд, аз куҷо сарчашма гирифта, ба куҷо оварда расониданд, имрӯз ба ҳеҷ кас пӯшида нест. Сиёсикунонии дин як раванди сунъӣ буда, дар таълимоти ислом ҷойгоҳе надорад. Зеро дини ислом аз оғози пайдоиши худ сиёсӣ набуд ва сархати таълимоти онро нахуст хондану омӯхтан, сипас имон овардан ба Худо ва шинохти ягонагии ӯ ташкил медиҳаду халос. Вақте мегӯем Худо яккаву ягона ва бахшояндаву меҳрубон аст, саҷда кардан танҳо ба ӯ зарур аст, на ба каси дигар, на ба чизи дигар.
Агар бисёриҳо бетарафӣ намекарданд, дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар намезад. Чӣ гуна бадбахтиҳо овард он ҷанг. Чӣ қадар одамон қурбон шуданд. Беш аз 150 ҳазор нафар кушташудагон, як миллион гурезаҳои иҷборӣ, зиёда аз 50 ҳазор кӯдакони ятим, миллионҳо нафар одамоне, ки азизони худро аз даст доданд ва миллиардҳо сомонӣ зарари иқтисодии он рӯзҳо ҳанӯз аз хотираи мардум нарафтаанд ва дар иқтисодиёту зиндагии мо имрӯз низ эҳсос мешаванд.... »
Суханони дигаре, ки бо истифода аз факту далелҳои диниву дунявӣ аз забони Пешвои миллат садо доданд, ин шуҳратнамоии мардум буд, ки кулли мардум бо эътиқод онро қабул ва ба мушоҳидаҳои ҳарӯза бо ҳамсоя, амакбача, рафиқ ва дигар ашхос, онро қиёс намуд. Воқеан, имрӯз шумори нафарони ба зиёрат рафта хеле зиёданд, вале метавон гуфт, ки шумораи камбизоатон даҳ баробар зиёдтар аст, вале мақоли муассири тоҷикии «Шикамсерро кай парвои гурӯсна аст» ва як ғазал ин матлабро пурра менамояд.
Касеро ғам набошад, ҳоли ғамдор аз куҷо донад?
Ба тан дарде надорад , тоби бемор аз куҷо донад?
Пиёда бо азобу ранҷ манзил мебарад бораш,
Савори рӯи зин озарму озор аз куҷо донад?
Қабат андар қабат хобида бошад моли сарватманд,
Шабон бехобиҳои гушнаи зор аз куҷо донад?
Чу фарзанди падар ё ки ҷигарбандаш нафавтида,
Сияҳ пӯшидани марди азодор аз куҷо донад?
Сари шаб то саҳар булбул ба гӯши гул кунад нола,
Азоби ишқро зоғу гули хор аз куҷо донад?
Азизон, ишқу меҳру ошноӣ байни исонҳост,
Чунин эъҷозро ҳар каждуму мор аз куҷо донад?
Бобати ин вохӯрӣ ва ҳар як ҳарфи таъсирбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳфа - саҳфа бояд гуфт, вале ин ҷо ҳамчун зан, ҳамчун модар танҳо ҳаминро мегӯям, ки моро ба ҷуз мо касе намефаҳмад ва дасти моро ба ҷуз худи мо касе намегирад.
Аз рӯзи аввали ба сари қудрат омадан ин абармарди ватандӯст дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа, дар баробари дигар арҷгузориҳо мартабаи зан-модарро баланд бардошт ва маҳз дар даврони роҳбарии фидокоронаи он кас шумори занҳои роҳбар бамаротиб афзуд. Агарки ин қадар ба мо, занону модарон давлату ҳукумат ғамхорӣ зоҳир менамояд пас чаро мо дар тарбияи фарзандони солиму ҳушманд саҳм нагузорем. Чаро аз сири фарзандон, ки худ муддати нӯҳ моҳ дар тан ӯро бо азоб парвардаем , воқиф набошем.
Эътимод ба он дорем камбудиҳои ҷойдошта ҳалли худро меёбанд ва тоҷику Тоҷикистонӣ ҳамчун мардумони баор, дилсӯз, донишманд ва пеш аз ҳама баномус бори дигар худро дар арсаи олам муаррифӣ менамоянд!
Иброҳимзода Муҳаббат
Сармутахассиси
маркази матбуот