Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

КОР ДАР БАЛАНДӢ

КОР ДАР БАЛАНДӢ
292

Чоп кардан

Барои иҷрои “кор дар баландӣ”  ва риояи техникаи бехатарӣ дар вақти кор, аз ҷумла ҳангоми хизматрасонии техникии антеннаҳо, таҷҳизотҳое, ки   дар сутунҳои баланд насб гардидаанд, бо асбобоҳо ва  амалиёти махсус иҷро карда мешаванд ва қоидаҳои бехатарии иҷозатномаҳои махсусро доро мебошанд.

Барои риояи қоидаҳои бехатарии зикргардида, машғулиятҳои  назарявӣ ва амалӣ оид ба иҷозати корҳо дар баландӣ аз санаи 01.05.2024 то 03.05.2024 дар  КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ташкил ва гузаронида шуд.

    

Саидҷон Одинаев - сардори Уқдаи алоқаи барқии авиатсионии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” – Ҳамасола дар корхона ҷиҳати баланд бардоштани дониши назарявӣ ва амалии мутахассисони техникии  Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқӣ санҷида мешавад. Пас аз худ намудани барнома дар шаҳодатномаҳои техникаи бехатарӣ ва зидди сӯхтор иҷозати онҳо барои  фаъолияти минбаъда, аниқтараш кор дар баландӣ сабт карда мешавад.

Машғулиятҳои назарявӣ ва амалӣ дар асоси иҷрои талаботҳои Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (ҚА ҶТ-37) аз ҷумла, “Қоидаҳои бехатарии техникӣ ҳангоми истифодбарии иншоотҳои таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқа дар авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва нақша чорабиниҳои солонаи Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ амалӣ мегарданд. Илова ба он, барои тарбияи мутахассисон дар ин самт роҳбарияти корхона соли 2018 се нафар корманд, Салимов Павел Валеревич, Бойпоччоев Рустам Расулҷонович ва Саидов Сироҷиддин Махсумовичро ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба  гирифтани сертификат барои иҷозати корҳо дар баландӣ  сафарбар намуда буд, ки хушбахтона имрӯз ҳамчун мутахассисони варзида фаъолият мебаранд.

Дар чорабинии мазкур 29 нафар мутахассис иштирок намуда, барои “кор дар баландӣ”, аз қабили   хизматрасонии техникии антеннаҳо ва таҷҳизотҳо дар сутунҳои баланд насбгардида бо асбобоҳо ва  амалиёти махсус нишон дода, иҷозат гирифтанд.

Илҳом  Муродов -сардори Бахши ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ, мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” - ба мутахассисоне, ки дар машғулиятҳо ширкат намуданд, дастур ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ оид ба техникаи бехатарӣ ироа гардид. Ҳамчунин, аз тарафи Маркази таълимии ҳолатҳои фавқуллода, ёрии аввалини тиббӣ ҳангоми рух додани ҳодисаи нохуш то омадани ёрии аввалини тиббӣ омӯзонида шуд. Бо умедворӣ гуфта метавонем, ки нафароне, ки дар машғулият иштирок намуданд, дар оянда аз иҷрои корҳои техникӣ аз қабилӣ кор дар баландӣ баромада метавонанд.

Масъулини КВД “Тоҷикаэронавигатсия” нақша дорад, ки ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши корманд, риояи Қоидаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботҳои техникаи бехатарӣ ва дигар дастуру қоидаҳои марбут, ҳар чоряки сол чунин машғулиятҳоро доир намояд.

         Маркази матбуоти

     КВД “Тоҷикаэронавигатсия”