Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

МЕТЕОРОЛОГ ЭКИПАЖРО АЗ САДАМА НАҶОТ БАХШИД

МЕТЕОРОЛОГ ЭКИПАЖРО АЗ САДАМА НАҶОТ БАХШИД
354

Чоп кардан

“Барои экипаже, ки бо хатсайри Душанбе-Хоруғ парвоз мекард, пешгӯии ҳодисаҳои хавфнок дар минтақаи муайяни хатсайр пешниҳод гардид, вале новобаста аз пешгӯии мутахассис ва вазъи эҳтимолӣ экипаж бо қарори худ ба парвоз баромад.  Чун ба минтаҳаи дорои шароити хавфноки парвоз расид, ба дурустии пешгӯиҳо боварӣ ҳосил намуда, қарор дод, ки ба аэродроми парвоз баргардад.  Барои ҳавонавард албатта ин ҳолат боиси дилсардӣ мегардад, вале барои кормандони Маркази метеорологии авиатсионӣ, ки вазъиятро мушахассан пешгӯӣ кардаву дар пешгирии ҳолати садамавӣ мусоидат намудаанд, боиси ифтихор аст”,-чунин аст амали ҳаррӯзаи кормандони Маркази авиатсионии метеорологӣ.

Воқеан, обу ҳаво яке аз омилҳои асосии хатарнок барои авиатсия ба ҳисоб рафта, дар ин самт аз мутахассисисони соҳаи метеорологии авиатсионӣ донишу таҷрибаи амиқро тақозо менамояд. Маврид ба зикр аст, ки алҳол дар ҷумҳурӣ як Маркази авиатсионии метеорологӣ дар шаҳри Душанбе ва се Истгогоҳи авиатсионии метеорологии шаҳрвандӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар фаъолият дошта, дар маҷмӯъ дар онҳо беш аз 40 нафар мутахассисон ба мушоҳида ва пешгӯии обу ҳаво барои аэродромҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул мебошанд.

Маина Мамаднасирова сардори Маркази авиатсионии метеорологии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” - Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки тавассути омӯзиш ва корҳои амалӣ аз мактаби пешқадами меҳнатии шарикони бурунмарзӣ таҷриба бардошта, дар фаъолияти ҳамарӯза истифода барем.

Дар идомаи суҳбат Маина М. Иброз намуд, ки дар давоми 5 соли охир 40 нафар мутахассисони Маркази авиатсионии метеоролигӣ дар Муассисаи таълимии федералии давлатии буҷавии таҳсилоти иловагии касбии “Донишкадаи такмили ихтисоси кормандон ва мутахассисони роҳбарикунанда”-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба омӯзиш фаро гирифта, соҳиби диплом ва сертификати марбут гардиданд.






Заидова Насиба Фозиловна мухандис-метеорологи Маркази авиатсионии метеорологии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”- Курсҳои такмили ихтисосро мувофиқи стандарти тахассусӣ дар мавзӯи “Омӯзиши такмили ихтисоси мухандис-метеорологҳо ва пешгӯиҳои авиатсия мувофиқи стандарти тахассусии Созмони умумиҷаҳонии обуҳавосанҷӣ”-ро бо муваффақият хатм намудам. Аз раванди омӯзиш барои худ донишҳои нав ва тарзи пешниҳоди малутмотҳои метеоролигиро дар шаклу услуби муосир, азбар намудам.

Тибқи нақшаи корхона дар доираи ин ҳадаф як гурӯҳ кормандони маркази мазкур ба омӯзиш ва таҷрибаомӯзӣ сафарбар гардиданд, ки аз мӯҳтавои он роҳбари Маркази авиатсионии метеорологӣ Маина Мамаднасирова чунин иброз дошт:

Дар доираи нақшаи тарҳрезишуда   моҳи марти соли 2024 5 нафар мутахассисони соҳаи метеорологӣ, аз ҷумла 2 нафар муҳандис-метеоролог ва 3 нафар техник-метеорологҳои гурӯҳи Нуқтаҳои асосии муроқиба дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандон ва мутахассисони роҳбарикунанда дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бомуваффақият таълим гирифта, дорои сертификат гардиданд.

Метеорология, илми мураккаб буда, яке аз вазифаҳои душвортарин барои пешгӯии маълумотҳо метеорологии авиатсионӣ мебошад, ки яке аз ҷузъиёти он ин тартиб додани пешгӯии авиатсияи хурд дар хатсайрҳои маҳаллии ҳавоӣ аст, омӯзишҳои пайвастаи соҳа ба манфиати кори мутахассисон мебошад.

Бо истифода аз имконоти мавҷуда баҳри боз ҳам беҳтар намудани сифати кор, фарогирии мутахассисони ҷавон ба бозомӯзӣ ва насби дастгоҳҳои ҳозиразамон аз ҷониби роҳбарияти корхона чораҳои зарурӣ андешида мешавад, ки ҳар яке он дастгириҳоро метавон манбаи дастовардҳои меҳнатӣ арзёбӣ кард. Ва ё ба мақоли муассири мардумӣ “Ёр аҳл бошад, кор саҳл мешавад”.

      Иброҳимзода Муҳаббат

сармутахассиси Маркази матбуот