Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ҲАМОИШИ ХОТИРМОН

ҲАМОИШИ ХОТИРМОН
471

Чоп кардан

Санаи 15-уми майи соли 2024 ҳамоиш оид ба санаҳои ҷашнӣ дар доираи Нақшаи хонишҳои идоравии кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар толори маҷлисгоҳ баргузор гардид. Ҳамоишро сардори Раёсати кадрҳо ва меҳнати КВД “Тоҷикаэронавигатсия” оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҳамоиш шинос намуд.

Сипас Роҳбари дастгоҳи директори генералӣ Аҳмадзода Зафар ба сухан баромада, оиди диловарӣ ва матонати ҷавонмардони тоҷик дар рӯзҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамчунин бобати нақши ҷавонони кишвар дар роҳи бунёдкориву созандагӣ ибрози назар намуд.

 

Кормандони дигар Давлатзода Муҳиддин дар мавзӯи “Саҳми арзандаи қаҳрамонони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ” ва Шокарим Сафармамадов,  дар мавзӯи “Ҷавонон ояндаи миллат” баромад намуда,  атрофи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва рӯзҳои мудҳиши он, саҳми мардуми Тоҷикистон дар майдони набард ва ақибгоҳ,  хоса қаҳрамониҳои бемисли занҳои тоҷик дар рӯзҳои оташбори солҳои 1941-1945, ҳамчунин аз донишу малакаи ҷавонони имрӯз,  дастовардҳои назаррасашон дар самтҳои мухталиф ва дастгириву пуштибонии ояндасозони миллат аз ҷониби давлату ҳукумат, хоса дастгириҳои пайвастаи ҳам собиқадорони ҷанг ва ҳам ҷавонони кишвар  аз ҷониби  Пешвои   муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор ва қаноатмандӣ ёдоварӣ намуданд.

Пурсишу посухеро, ки дар радифи ҳамоиш ба вуқуъ пайваст, метавон шаҳодат аз маърифати баланди ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва илмии  кормандон арзёбӣ кард.

Баргузории чуниш ҳамоиш ва хонишҳои идоравӣ метавонад дар баланд бардоштани завқи кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва бедор намудани ҳисси баланди ватандӯстию хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва фидоиёни ҷангу меҳнати кишвар  мусоидат намояд.

    Маркази матбуоти

КВД “Тоҷикаэронавигатсия”