РХҲҲ 79-СОЛА ШУД
20-уми майи соли 1945 аввалин маротиба дар низоми авиатсия граждании кишвар хадамоти ҳаракати ҳавоӣ (баъдан-хадамоти идораи ҳаракати ҳавоӣ, минбаъд-раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ) таъсис дода шуд. Бахшида ба таҷлили иди касбии танзимгарон ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки роҳбарияти ва сардорони сохторҳои таркибии корхона гузаронида шуд. Дар ин рӯзи фархунда роҳбарияти Корхона тамоми ҳайати шахсии Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоиро бо иди касбӣ табрик гуфта, ба ҳама саломатии бардавом, комёбиҳои беназир ва расидан ба қуллаҳои баландро таманно намуданд.
Даврон Шодмонбекзода муовини якуми директори генералӣ-Раёсати хизматрасони ҳаракати ҳавоӣ яке аз сохторҳои калидии истеҳсолӣ дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ба шумор меравад.
Бахшида ба 79-умин солгарди Иди касбии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ бо фармоиши Директори генералӣ, муҳтарам Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” озмуни маҳорати касбии танзимгарони хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ ва Футболи хурд миёни дастаҳои сохторҳои таркибии корхона аз 13 то 19 майи соли ҷорӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Дар мусобиқаи маҳорати касбии танзимгарони хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, ки мувофиқи қоида ва тартиботи муқарраршуда гузаронида шуд, ҳайати кормандон, аз ҷумла, филиалҳои корхона иштирок намуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои даври аввал, ки омодагии назариявии мутахассисонро оид ба ҳуҷҷатҳои роҳбарӣ тавассути санҷиш муайян намуд, ки дар он кормандон маҳорати худро нишон доданд. Мувофиқи холҳои бадастовардашуда ва тибқи қарори Комиссияи озмун ғолибон ба таври зерин 3-нафар бо мукофоти пулӣ ва 4-нафари дигар бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд:
- Ҷойи якум танзимгари нуқтаи танзими расиш Қодиров Манучеҳр (15 000 сомонӣ);
- Ҷойи дуюм танзимгари танзимгоҳи ибтидоӣ ва самтдиҳӣ Одилова Робия (10 000 сомонӣ);
- Ҷойи сеюм танзимгари маркази ноҳиявӣ Нишонов Абдулмутолиб (5000 сомонӣ).
- Беҳтарин донандаи таърихи авиатсияи гражданӣ танзимагри нуқтаи танзими расиш Кароматов Асадулло (ифтихорнома);
- Беҳтарин донандаи ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда Юлдошев Фарҳодҷон танзимгари маркази ноҳиявии ёрирасони шаҳри Хуҷанд (ифтихорнома);
- Беҳтарин донандаи забони англисӣ танзимгари танзимгоҳи ибтидоӣ ва самтдиҳӣ Сотиболдиев Тимур (ифтихорнома);
- Беҳтарин кори амалӣ дар дастгоҳи машқии танзимгарӣ, танзимгари нуқтаи танзими ибтидоии ёрирасон Азимов Хуршед (ифтихорнома).
Қобили зикр аст, ки роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҳамеша тарзи ҳаёти солимро дастгирӣ ва тарғиб намуда дар ҳаёти варзишии кормандон саҳми босазо мегузорад. Бахшида ба Иди касбии танзимгарони хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар байни 8 даста бозиҳои футболи хурд ташкил ва баргузор гардид. Ғолибони мусобиқа бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва пулӣ, ки аз ҷониби Кумитаи Иттифоқи касабаи КВД «Тоҷикаэронавигатсия» омода гардида буд, сарфароз гардонида шуданд.
- Ҷойи якум дастаи футболи РТРТПваАБА-1 (4000 сомонӣ);
- Ҷойи дуюм дастаи РХҲҲ-1 (3000 сомонӣ);
- Ҷойи сеюм дастаи футболи РТРТПваАБА-2 (2000 сомонӣ).
Дар фарҷоми ҷаласа сардори РХҲҲ Хусенов Пайрав, роҳбарони парвозҳо Одилов Нодир ва Музаффаров Асроридин бо суханони табрикотӣ баромад намуда, миннатдории шахсии худ ва тамоми кормандонро ба роҳбарияти корхона, хусусан ба директори генералӣ Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон, баҳри дастгириҳои пайваста ва талошҳои бевоситаашон, ки боиси баланд бардоштани руҳияву ҳаёти иҷтимоии кормандон равона гардидаанд, расониданд.
Маркази матбуот
КВД “Тоҷикаэронавигатсия”