Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ИМРӮЗ НАХУСТИН ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ-ТИФЛИС ИФТИТОҲ ГАРДИД

ИМРӮЗ НАХУСТИН ХАТСАЙРИ ДУШАНБЕ-ТИФЛИС ИФТИТОҲ ГАРДИД
198

Чоп кардан

Имрӯз бо ташаббуси ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», «Easybooking» ва ширкати «FLY TJ» нахустин парвози мустақим дар хатсайри Душанбе-Тифлис анҷом дода шуд, ки он уфуқҳои сайёҳии байналмилалиро барои сокинони Тоҷикистон фарох менамояд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар нахустин хатсайри Душанбе-Тифлис 189 рӯзноманигор ва блогери ҷумҳурӣ барои муаррифии Тоҷикистон дар Гурҷистон ва шиносоӣ бо маконҳои тамошобоби Гурҷистон ба ин давлат сафар намуданд.

Тавре масъулин зимни муаррифии хатсайри нав изҳор доштанд, хатсайри Душанбе-Тифлис бо мақсади шиносоии сокинони ҷумҳурӣ бо минтақаҳои сайёҳии Гурҷистон ва мустаҳкам кардани муносибатҳои Тоҷикистон ва Гурҷистон дар соҳаи сайёҳӣ ташкил карда шудааст.