Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ЭЪТИБОРИ БАЛАНД АЗ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИСТ

ЭЪТИБОРИ БАЛАНД АЗ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИСТ
764

Чоп кардан

Санаи 17-уми майи соли равон дар радифи иҷроиши амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди “Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024” бо иштироки намояндагони  шӯъбаи  шартномавӣ-ҳуқуқии корхона ва намояндагони соҳаи илм дар филиали КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар шаҳри Хуҷанд  чорабинии  хотирмон сурат гирифт.

Сардори шӯъбаи шартномавӣ-ҳуқуқии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Иззатуллоев Шараф ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшид ва атрофи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шаҳрвандон, хоса кормандони филиали мазкур,  иҷрои вазифаҳояшон дар асоси қонун ва тартибот ибрози назар намуда, аз ҷумла арз дошт:  

Ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024”, ки  санаи 28-уми декабри соли 2023 дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷмҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид басо рамзист ва метавон арз дошт, ки  он дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он нақши калидӣ мегузорад.

   

Маърифати ҳуқуқӣ ба василаи муҳими танзимкунандаи рафтор ва фаъолияти шахс дар ҷомеа ба шумор рафта, омили мусоид баҳри таъмини волоияти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат аст. Маҳз сатҳи баланди донишҳои ҳуқуқӣ, фарҳанги риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шахсони дигар дар чаҳорчубаи қонун муқаррар шудааст. Маърифати ҳуқуқӣ ба шахс имкон медиҳад, ки дар шинохти воқеии ҳуқуқу озодӣ ва вазифаю уҳдадориҳо муваффақ гардад.

Омӯзгорони  кафедраи ҳуқуқи конститутсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Юсупова Зарина ва Латипов Суннатулло низ, ки   бо мақсади дар амал татбиқ гардидани ин ҳадаф ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардуми кишвар, хоса ҷавонон дар ҳамоиш ширкат варзиданд, дар мавзӯҳои “Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон асоси таҳкими давлати ҳуқуқбунёд” ва   “Маърифати ҳуқуқии аҳолӣ кафили устувории ҷомеа” баромад намуданд, ки   дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳкиму густариши самтҳои афзалиятноки кишвар, баррасии қарору қонунҳои зарурӣ, ҳамчунин таҷрибаи бойи кории худ, савияи дониш ва маърифати ҳуқуқии донишҷӯён  мӯҳтавои суҳбаташон буд.

   

Дар интиҳои чорабинӣ роҳбари филиали мазкур Шодизода Шоҳин ба меҳмонон баҳри ташрифи фаъолона ва ибрози андешаҳои муассир миннатдорӣ баён намуда, баргузории чунин ҳамоиш ва суҳбатҳои хосаро дар  ин мавзӯъ ба манфиат арзёбӣ  кард.

     Маркази матбуоти

КВД “Тоҷикаэронавигатсия”