Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ ДАНҒАРАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН САФАР НАМУД.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ ДАНҒАРАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН САФАР НАМУД.
230

Чоп кардан

24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун дар соҳаи саноату кишоварзӣ, хизматрасонӣ, муассисаҳои нави таълимӣ, оғоз бахшиданд ба сохтмони иншооти нави дигар ва мулоқот бо фаъолону сокинон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85-ро дар деҳаи Шаҳбури деҳоти ба номи Исмат Шариф ба истифода доданд.

Бинои нави муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, масоҳати умумии қитъаи замини он наздики 1, 64 гектарро дар бар мегирад.

Дар қитъаи замини номбурда 1 бинои ду ошёнаи таълимӣ, дегхона, анбори сӯзишворӣ, ҳавзи оташхомушкунӣ ва таҷҳизоти барқтаъминкунӣ ҷойгир шудааст.

Дар маҷмуъ бинои нави муассисаи таълимӣ барои 500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Мактаби нав дорои ҳуҷраҳои гуногуни фаннӣ ва компютерӣ мебошад, ки онҳо бо компютер ва таҷҳизоти лабараторӣ барои гузаронидани озмоишҳо таъмин гардидааст.

Барои баланд бардоштани қобилияти зеҳнии хонандагон муассиса дорои синфхонаҳои шоҳмот, майдончаи варзишии замонавӣ ва китобхона бо 20 ҷойи нишаст мебошад.

Ҳаминро ба инобат гирифта, соли 2023 бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85 бо ҷалби сармоя оғоз гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳи бунёди бино баҳои баланд дода, омӯзгоронро барои боз ҳам бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагон ва дар роҳи худшиносиву ватандӯстӣ ҳидоят намудани онҳо дастуру супоришҳо доданд.

Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85 бо сохти меъмории замонавӣ бунёд ва дар саҳнаш гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст.

Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85 дар деҳаи Шаҳбури деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи раванди созандагиҳо дар мамлакат сурат гирифта, имкон медиҳад, ки хонандагон дар шароити муосир донишҳои замонавиро азхуд намоянд.

Фароҳам овардани шароит имкон медиҳад, ки ҳавасмандии насли наврас дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои аз худ кардани илмҳои дақиқ бештар шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави муассисаи таълимиро дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи маориф муҳим арзёбӣ намуда, насли наврасро омӯзиши илмҳои замонавӣ ҳидоят карданд.


Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бинои наву замонавии Маркази рушди малакаҳои касбӣ бо хобгоҳ дар маҳаллаи 15 - уми деҳоти Корезро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмиллалӣ бунёд шудааст, ифтитоҳ намуданд.

Бинои Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар ноҳияи Данғара дар масоҳати умумии беш аз 1 гектар ва ба маблағи 35 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Шароити муҳайёгардида дар ин марказ имконият медиҳад, ки таълим дар як баст барои то 150 нафар ба роҳ монда шавад ва ҳамин тариқ дар як сол беш аз 1800 нафар ба омӯзиш фаро гирифта шаванд.

Маркази рушди малакаҳои касбӣ аз синфхонаи барҳавои таълимӣ бо 90 компютер, толорҳои таҷрибаомӯзӣ ва бисёрфунксионалӣ, ҳуҷраҳои машваратӣ, санитарию гигиенӣ, маъмурӣ, толори маҷлисгоҳ бо 135 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Иншооти хуштарҳу замонавии навбунёд дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтарсозии малакаи касбӣ ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ бунёд гардид.

“Маркази рушди малакаҳои касбӣ дар ноҳияи Данғара” аз бинои таълимии 4-ошёна ва хобгоҳи 4-ошёна иборат аст.

Сохтмони иншооти мазкур моҳи августи соли 2022 оғоз гардида, бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шуд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки  дар марказ дар баробари омӯзиши 5 намуди касб, аз ҷумла “Мутахассиси  коркарди меваю сабзавот”, “Таъмиргари техникаи кишоварзӣ”, “Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ”, “Таъмиргари асбоби рӯзгор” ҳамчунин аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, аз қабили англисӣ, русӣ ва кореягӣ ба роҳ монда шудааст, ки ҳар як хонанда баъди хатм соҳиби сертификати байналмилалӣ мегардад.

Дар Маркази рушди малакаҳои касбӣ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон, дар дохили бино маркази нигоҳубини кӯдакон ва хобгоҳ бо 130 ҷойи хоб иборат аз 57 ҳуҷра таъсис дода шудааст.

Синфхонаҳо ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасони он ба системаи гармидиҳӣ пайваст аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ дар иншооти навбунёд ба масъулин барои бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар дохил ва хориҷи кишвар дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки чунин марказҳои муҷаҳҳази касбомӯзӣ дар саросари кишвар бояд бунёд карда шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби шарикони рушд хуб пазируфта шуд.


Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара барои бунёди  филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санги асос гузоштанд.

Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи бунёди иншооти сохташаванда, як бинои 9-ошёна, ду бинои 7-ошёна ва ду бинои 4-ошёна муаррифӣ карда шуд.

Зимни муаррифии лоиҳаи филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд, ки бунёди иншоот талаботи замон мебошад.

Ин иншооти нави соҳаи маориф барои 3500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, баробари ба истифода додани он дар марҳилаи аввал 400 нафар бо кор таъмин мегардад.

Намои берунаи иншоот бо тарҳи муосир оро дода мешавад. Дар баробари синфхонаҳои таълимӣ, ҳамчунин филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара аз хобгоҳ, маҷлисгоҳ, китобхонаи илмӣ - электронӣ, озмоишгоҳҳо, марказҳо, парки технологӣ, толори варзишӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат хоҳад буд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар асоси лоиҳа дар хобгоҳи муассиса барои 2500 донишҷӯ шароити муосир фароҳам оварда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти сохташаванда ва ҷалби коргарони маҳаллӣ дар раванди корҳо супоришҳои мушаххас доданд.

 
 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корези ноҳияи Данғара бинои Мактаб-интернатро ифтитоҳ карданд.

Иншооти муосир аз ду ошёна иборат буда, барои зиёда аз 600 таълимгиранда пешбинӣ карда шудааст.

Муассисаи таълимӣ аз синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, озмоишгоҳ, китобхона ва толори хониш иборат мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин бинои хуштарҳу замонавӣ ва фароҳам шудани шароити муосирро барои таълиму тарбияи ятимон натиҷаи таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ояндаи ин қишри ояндасози Ватан арзёбӣ карданд.

Бинои замонавии Мактаб-интернат бо ҷалби сармояи хориҷӣ, аз муассисаҳои мададрасони арабӣ ва саҳмгузории фаъолонаи гурӯҳи соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудааст.

Иншооти иҷтимоӣ дорои маҷлисгоҳ бо 266 ҷойи нишаст, ошхона, бунгоҳи тиббӣ ва толори варзишии барҳаво мебошад. Хонандагон метавонанд дар баробари омӯзиши дарс дар синфхонаҳои таълими меҳнат ҳунарҳои гуногун аз худ намоянд. 

Татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овардааст, ки шароит барои таълиму тарбияи насли наврас пурра ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ шавад.

Ҳамчунин муассиса дорои хобгоҳи замонавӣ барои 200 нафар мебошад. Дар ҳар ҳуҷра барои зисти наврасон ва омода кардани дарсҳо имконияти замонавӣ фароҳам оварда шудааст. Инчунин таълимгирандагон метавонанд дар хобгоҳ аз китобхона ва толори барҳаво барои мутолиа истифода намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорону наврасонро барои истифодаи муфид аз шароити муосири фароҳамшуда, аз худ кардани илмҳои дақиқ, донистани забонҳои хориҷӣ ва оянда ҳамчун кадрҳои лаёқатманди хештаншинос хизмат кардан ба нафъи давлату миллат вазифадор намуданд.

 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Маркази саломатии бисёрсоҳаи ноҳияро ифтитоҳ намуданд.

Маркази саломатии бисёрсоҳаи ноҳияи Данғара дар заминаи дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармоя аз маблағҳои Бонки исломии рушд ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти соҳаи тандурустӣ дар масоҳати наздики 1 га замин сохта шуда, дорои 153 ҳуҷраи корӣ, 3 дорухона, 5 ҳуҷраи ҷарроҳӣ, нуқтаи дандонпизишкӣ бо технологияи нав, 40 озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тиббӣ мебошад.

Толори маҷлис дар ошёнаи шашуми бино ҷойгир буда, дорои 114 ҷойи нишаст мебошад.

Айни замон дар Маркази саломатии бисёрсоҳаи ноҳияи Данғара 475 корманд фаъолият дошта, аз нисф зиёди онро занон ташкил медиҳад, ки ин самараи татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии занону бонувон ва боло бурдани мақоми онҳо дар ҷомеа мебошад.

Иншоот ба низоми мустақили гармидиҳӣ пайваст аст.

Саҳни беморхонаро дарахтони ҳамешасабз ва сояафкан зебу зинат бахшида, намудҳои гуногуни гулҳои мавсимию ороишӣ шинонида шудааст.

Маркази саломатӣ аз 3 қисм иборат буда, биноҳои канорӣ 6-ошёнагӣ ва бинои марказӣ 7-ошёна мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бинокорону муҳандисон барои бо сифати баланд бунёд намудани иншооти муосир изҳори сипос намуданд.

Муассисаи мазкур бо мақсади таъмини хизматрасонии босифату муосири тиббӣ ба сокинони ноҳияи Данғара ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он бунёд гардида, ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад. Маркази саломатӣ дорои имкониятҳои маҷмӯии ташхису табобат буда, дар як вақт ба 700 эҳтиёҷманд хизмати тиббӣ мерасонад.

Ҷиҳати ташхиси дақиқи беморӣ дар беморхона дастгоҳҳои рақамии томографиву рентгенӣ насб шудааст. Барои расонидани кӯмаки фаврии тиббӣ ба беморон воситаҳои нақлиёти махсуси муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ фаъолият мекунад. Ғайр аз ин, беморхона бо барномаҳои махсуси компютерӣ таъмин гардида, бақайдгирии электронии нишондоди беморон ва хулосаҳои ташхису машварати табибон тавассути шабакаи дохилӣ интиқол дода мешавад.

Дар бино мутухассисони Маркази солимии репродуктивӣ, Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, Маркази иммунопрофилактика, Маркази бемориҳои сил, Маркази тропикӣ, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази бемориҳои вируси норасоии масунияти одам, Маркази экспертизаи судӣ ва ғайра ҷойгир шуда, бо таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин гардидаанд. 

Мавриди тазаккур аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беҳтар гардидааст.

Чунин дастовардҳоро кормандони соҳа аз шарофати сулҳу субот, ваҳдату Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати муваффақу боровари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод мекунанд.

 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корези ноҳия коргоҳи истеҳсолии «Мушки Модар»-ро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилло доданд, ки сохтмони коргоҳи истеҳсолии «Мушки Модар» дар масоҳати умумии 30 гектар замин моҳи марти соли 2023 бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ оғоз гардида, моҳи майи соли равон ба анҷом расидааст.

Дар коргоҳи истеҳсолӣ таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас карда шуда, раванди истеҳсолот бо навтарин технология иҷро карда мешавад.

Коргоҳи нави саноатӣ дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар заминаи фазои мусоиди соҳибкорӣ  бунёд гардидааст.

Баъди ба истифода додани коргоҳи мазкур дар деҳаи  Ғарғараи ноҳияи Данғара зиёда аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Маҳсулоти истеҳсолшаванда дар коргоҳ ивазкунандаи воридот буда, дар шароити деҳот ба роҳ мондани истеҳсолот ва дастрасии он ба  сокинони маҳаллӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ яке аз иқдомҳои наҷибу созанда ба ҳисоб меравад.

Дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти коргоҳи «Мушки Модар» муаррифӣ карда шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти истеҳсолгардидаи коргоҳ навбунёди деҳаи Ғарғара баҳои баланд дода, ба соҳибкорону кормандон ҷиҳати зиёд гардонидани ҳаҷми истеҳсолу содироти маҳсулоти ватанӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара дар деҳоти Ғарғараи деҳоти Корез майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ карданд.

Майдони Парчами давлатӣ дар мавзеъи зебоманзари маркази деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони ватандусту ташаббускор бунёд гардидааст.

Дар ин ҷо дар вазъияти тантанавӣ бо садо додани суруди миллӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуд.

Пояи Парчами давлатӣ бо баландии 54 метр қомат афрохта, дарозии матои Парчами миллӣ 14 метр ва паҳноии он 7 метр мебошад.

Дар майдони гулгашти Парчами давлатӣ фавораи замонавӣ сохта шудааст, ки ба он ҳусну зинат мебахшад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи Парчами давлатиро дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара рамзи муаррификунандаи давлату миллати сарбаланди тоҷик дар арсаи байналмилалӣ  буда,  дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои сокинон, хусусан наврасону ҷавонон туҳфаи арзишманд маънидод карданд.


Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Усто Файзалӣ”-ро ба истифода доданд.

Фаъолияти коргоҳи саноатӣ дар асоси технологияи нав ба коркарди чубу тахта ва истеҳсоли мебел равона карда шуда, дар он 30 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шудаанд.

Технологияи корхона аз Туркия ва Чин ворид карда шуда, минбаъд мизу курсӣ ва ҷевони китоб бо андозаҳои гуногун истеҳсолу ба харидорон пешниҳод карда мешавад.

Ҳамзамон намудҳои гуногуни маҳсулоти тайёр барои истифода дар шароити хона ва ҳуҷраҳои корӣ сохта мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншооти истеҳсолиро дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – “Саноатикунонии босуръати кишвар” дар деҳот муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, таваҷҷуҳи намояндагони бахши хусусӣ ва мутахассисонро ба истифодаи муфид аз технологияи муосир ва истеҳсоли маҳсулоти босифати рақобатпазир ҷалб намуданд.

Технологияи муосири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Усто Файзалӣ” имкон медиҳад, ки дару тиреза ва дигар намуди маҳсулот мувофиқ ба дархости мизоҷон бо андоза ва нақшу нигори гуногун истеҳсол карда шавад.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намунаи маҳсулоти корхона шинос шуданд.

 http://prezident.tj/