ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
Дар Душанбе хатсайрҳои сайёҳӣ тариқи автобусҳои дуошёна роҳандозӣ шуданд. Яке аз хатсайрҳо Душанбе – Ҳисор буда, рӯзҳои якшанбе амалӣ мегардад, ки аз ҷониби ширкати сайёҳии “Somon Travel” ташкил шуда буд. Хатсайрҳои нави сайёҳӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон роҳандозӣ гардидаанд.
***
Аз 28-уми ноябри соли 2024 ширкати “China Southern Airlines” парвозҳои мустақимро байни Перт, Австралияи Ғарбӣ ва Гуанчжоуи Чин барқарор менамоянд.
***
Тӯфони “Ремал” боиси халалдор шудани 394 парвоз дар штати Банголаи Ғарбӣ гардид.
***
Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёти Кореяи Ҷанубӣ барои парвоз ба Ӯзбекистон ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ иҷозати дахлдор дод. Ширкатҳои “T’way Air” ва “Jeju Air” метавонанд байни шаҳрҳои Ӯзбекистон ва Кореяи Ҷанубӣ парвозро ба роҳ монанд. Тибқи изҳороти масъулин ширкатҳои ҳавопаймоии ин кишвар тавсеаи парвозҳоро ба Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ ва Марказӣ, аз ҷумла Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон пешбинӣ менамояд.
***
То охири соли 2024 Бошқирдистон истеҳсоли 4 ҳазор ҳавопаймои бесарнишинро пешбинӣ менамояд.
***
“Барои таъмини бехатарии парвози ҳавопаймоҳои шаҳрвандӣ шоми 27-уми май дар кори фурудгоҳҳои Домодедово ва Жуковский – аз соати 20:46 то 21:20 ба вақти Масква маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ карда шуданд”, - омадааст дар хабари Росавиатсия. Айни ҳол фурудгоҳҳои мазкур фаъолияти худро тибқи ҷадвал ба роҳ мондаанд.
***
Бо мақсади ҳалли мушкилии техникии ҳавопаймо ширкати русии “ИрАэро” барои рафъи вазъ дар мавриди муваққатан иҷро нашудани парвозҳои муқарраршуда талош дорад.
***
Дар Тулуза (Франция) вохӯрии навбатии сарони мақомоти авиатсионии Бюроҳои Аврупо ва Атлантикаи Шимолии ICAO баргузор гардид, ки масъалаҳои мубрами рушди авиатсияи гражданӣ дар минтақа, аз ҷумла омодасозии кадрҳо, рушди устувор, таҳкими ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкорӣ, баробарии гендерӣ, тасвиби шартномаҳои байналмилалӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар рафти вохӯрӣ ҳайати Қазоқистон ташаббуси таъсиси созмони минтақавии авиатсияи гражданӣ – Конфронси авиатсияи граждании Авруосиёро (EACAC)-ро пешниҳод намуд. Узвият барои давлатҳои воқеъ дар минтақаи Авруосиё, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва минтақаҳои наздисарҳадӣ боз аст. EACAC ба мақомоти авиатсионии давлатҳои иштирокчӣ имкон медиҳад, ки дар мубодилаи таҷриба, дониш ва таҷрибаи пешқадам дар самти бехатарии парвозҳо, бехатарии авиатсионӣ, содда намудани расмият ва тартибот, рушди устувор, таҳияи ҳавопаймоҳои бесарнишин, омода намудани мутахассисони авиатсия, инчунин таъсиси платформа доир ба муњокима ва тањияи роњњои њалли мушкилињои мавҷудбуда заминаи мувофиқ гузорад.
Ҳамчунин, дар ҳузури раҳбарони ниҳодҳои авиатсионии Қазоқистон ва Фаронса Ёддошти ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳои ду кишвар - Академияи авиатсияи гражданӣ ва Мактаби миллии авиатсияи гражданӣ (ENAC) ба имзо расид. Ҳуҷҷатро ректорони ду донишгоҳ ба имзо расониданд, ки ҳамкорӣ бо ENAC барои Академияи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Қазоқистон дар баланд бардоштани сатҳи омода намудани мутахассисони соҳа, такмил додани усулҳо ва татбиқи таҷрибаҳои муосир дар муҳити таълимӣ имконият фароҳам меорад.
***
Аз 27-ум то 31-уми май дар доираи такмили системаи ягонаи минтақавии ҳифзи зидди ҳавоии Ҷумҳурии Беларус ва Федератсияи Русия машқҳои муштараки парвозӣ-тактикӣ баргузор мегарданд.
***
25-уми май ширкати “Уралские авиалинии” парвозҳоро аз Сочи ба Бишкек барқарор намуд.
***
Ширкати “Nordwind Airlines” парвозҳои мустақимро аз Масква ва Санкт-Петербург ба Теҳрон (Эрон) ба роҳ мемонад. Аллакай 23-юми май ширкати мазкур парвози Петербург-Теҳронро амалӣ намуд.
***
Ширкати “Japan Airlines” аз Бюрои авиатсияи граждании Ҷопон (JCAB) пас аз як қатор нақзи бехатарӣ огоҳии сахт гирифт. Интиқолдиҳандаи мазкур дар тӯли моҳҳои охир ба чанд ҳодиса дучор шудааст, ки ба он бархӯрди марговар бо ҳавопаймои Гвардияи соҳилии Ҷопон дар моҳи январ мисол шуда метавонад.
***
Ҳангоми парвоз дар масири Истанбул-Измир дар натиҷаи турбулентӣ стюардессаи ҳавопаймои ширкати “Turkish Airlines” маҷрӯҳ шуд. Бояд ёдовар шуд, ки як қатор ҳодисаҳои ҷиддии турбулентӣ диққати мутахассисисони соҳаро ба ин мушкилӣ ҷалб намуд. Тибқи ақидаи коршиносон болоравии ҳарорат бар асари тағйирёбии иқлим метавонад боиси шадидтар гардидани ҳолатҳои турбулентӣ гардад.
***
Бо мақсади таъсис додани маркази тамос дар асоси зеҳни сунъӣ (AI) ширкати “Korean Air” бо ширкати “Amazon Web Services” (AWS) созишномаи ҳамкориро ба имзо расонид. Ин иншооти нав технологияҳои инноватсионии зеҳни сунъиро (AI) барои беҳтар намудани таҷрибаи муштариён дар бар мегирад. Бо истифода аз садои сунъӣ ва чатботҳо, платформа дархостҳоро мустақиман коркард намуда, кормандонро аз ҳалли масъалаҳои мураккаб озод менамояд.
***
Бо мақсади омӯзонидани кӯдакон оид ба идора намудани системаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин ширкати “Аэромакс” омӯзгоронро таълим медиҳад. Дар доираи барномаи нави федералии таълимӣ, 1-уми сентябр дар ҳама мактабҳо ва коллеҷҳо, ки тақрибан 44 ҳазор муассисаро дар бар мегирад, курсҳо оид ба идоракунии дронҳо ифтитоҳ мегарданд.
***
(Манбаъ: “Сомон Эйр”, КВД “Қазаэронавигатсия”, Aviation Explorer, Aviation Source News, Simple Flying, Flight Global, https://news.mail.ru/tag/306/)