Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

МЕҲМОНХОНАҲОИ ПИНҲОНӢ ДАР ҲАВОПАЙМОҲО, КИ МУСОФИРОН ДАР БОРАИ ОНҲО НАМЕДОНАНД

МЕҲМОНХОНАҲОИ ПИНҲОНӢ ДАР ҲАВОПАЙМОҲО, КИ МУСОФИРОН ДАР БОРАИ ОНҲО НАМЕДОНАНД
262

Чоп кардан

Ҳангоми парвоз тавассути ҳавопаймо аксар вақт мусофирон намедонанд, ки дар ҳавопаймо меҳмонхонаи пинҳонӣ мавҷуд аст. Албатта онҳо мисли утоқҳои меҳмонхонаи панҷситорадор аз тиреза ва шифтҳои паст иборат нестанд, аммо шароити хуб барои хоб ва истироҳат муҳаё мебошад.

Чунин меҳмонхонаҳо “crew rest area” мебошад, ки онро майдони истироҳат ном мебаранд ва онҳо танҳо барои сарнишинон ва стюардессаҳо хизмат мерасонанд. 

Дар ҳавопаймои “Boeing 787”-и ширкати “British Airways” ё ширкати “Korean Air”, дар  шифти нишасти мусофирон ду қисм бо рафи хоб барои экипаж ҷойгир шудааст.

Майдони истироҳати экипаж имкон медиҳад, ки кормандони ҳавопаймо бо фарогирии шароити мусоид дар бехатарии парвози мусофирон ва ҳавопаймо мусоидат намоянд.