ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ БОИСИ САДАМАҲОИ ТУРБУЛЕНТӢ
Тибқи ақидаи коршиносон болоравии ҳарорат бар асари тағйирёбии иқлим боиси шадидтар гардидани ҳолатҳои турбулентӣ мешавад, ки онро дар мисоли садамаи ҳавопаймои ширкатҳои “Singapore Airlines”, “Qatar Airways” ва “Turkish Airlines”, ки дучор ва боиси ҳалокат ва маҷрӯҳ гардидани одамон гардид, метавон шарҳ дод.
Дар радифи ин масоили мубрам, рух додани чунин ҳолатҳо ва роҳҳои пешгирии ҳодисаҳои хатарнок дар ҳавопаймо ва ҳавонавард дар ҳолати турбулентӣ суҳбате доштем бо сардори Маркази авиатсионии метеорологии Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” Маина Мамаднасирова, ки фишурдаи онро манзуратон менамоем:
-Маина Мамаднасирова ҳолатҳои турбулентӣ гуфта чиро бояд фаҳмид?
-Турбулентнокӣ ҳолати атмосферие мебошад, ки дар он гирдоби бетартиби андозаҳои гуногун ба вуҷудомада, шамолҳои уфуқӣ ва шамолҳои амудӣ ба вуҷуд меоянд. Турбулентнокӣ махсусан ба парвози ҳавопаймоҳо таъсири калон мерасонад. Бахусус дар вақти аз гирдоби атмосферӣ гузаштан ҳавопаймо ба шамоли амудӣ ва горизонталӣ дучор мешаванд, ки дар натиҷаи он болтанка ба вуҷуд меояд.
Болтанка ин таконхурӣ ва ё ларзишҳои тасодуфии ҳавопаймо мебошад, ки ҳангоми парвоз дар фазои ноором сарбории изофӣ ҳамроҳ менамояд. Дар сурати суст будани болтанка, баъзан каме ларзиши ҳавопаймо имконпазир аст. Дараҷаи муътадил бо ҷунбишҳои зуд-зуд бо ҷунбонидани ҳавопаймо ва тағйирёбии баландии он дар идоракунӣ душворӣ намеорад.
-Ҳамчун мутахассис оиди таъсири зарбаҳои шадид ба ҳавопаймо чӣ назар доред?
-Зарбаҳои шадид ва партобҳои инфиродии ҳавопаймо ҳангоми зарбаи шадид ба амал омада, барҳамхӯрии шадид устуворӣ ва идорашавандаро ба таври назаррас коҳиш медиҳад. Ҳамчунин ҳолати рухдода асбобҳои парвози ҳавопаймо маълумотҳои нодуруст нишон медиҳад.
Чунин ҳолати ногаҳон рухдода ба идоракунии ҳавопаймо ва тағирёбии баландии он душворӣ намеорад.
-Турбулентӣ аз чанд қисм иборат аст ва фарқияти ҳар қисмат дар чист?
-Вобаста аз сабабҳои ташаккул, турбулентнокӣ ба 3 қисм тақсим мешавад:
турбуленти термикӣ, ки дар натиҷаи нобаробар гарм ё хунук шудани ҳаво аз сатҳи замин, турбуленти динамикӣ, ки дар вақти тағйирёбии якбораи самт ва суръати шамол ҳам дар самти уфуқӣ ва ҳам самти амудӣ, яъне бо ҳар гуна ҷараёни шамол, турбуленти орографӣ, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ мушоҳида мешавад, ба амал меоянд.
Дар турбуленти орографӣ маҷрои ҳаво ҳангоми дар атрофи монеаҳои кӯҳӣ гузаштан деформатсия ва дар шароити муайян боиси ташаккули минтақаҳои пурталотум мегардад. Ҷойгиршавии минтақаҳои турбулентӣ бо он минтақаҳое алоқаманд аст, ки дар онҳо қиматҳои афзояндаи буриши шамолҳои амудӣ ва уфуқӣ, инчунин градиенти амудии ҳарорат (дар атмосфера) мушоҳида мешавад.
-Аз нигоҳи шумо кадом ҳолати турбулентӣ хатарноктар аст?
-Дар ҳолати абрнок ба вуқуъ омадани чунин ҳолат чандон ташвишовар нест, чунки экипаж бо диди амиқ метавонад хатарро бартараф созад, вале рух додани ин ҳолат дар ҳавои соф хеле хатарнок аст. Экипаж дар ҳолати абрнокӣ мавқеъи худро муайян карда метавонад, вале дар ҳолати рух додани турбулентӣ дар ҳавои соф барои ҳавонавард ва ҳифзи ҳавопаймо ниҳоят душвор мебошад. Ин турбулентнокӣ дар атмосфера дар баландии зиёда аз 5 километр дар сурати набудани абрҳои ҷамъшуда мушоҳида мегардад.
Чун ҳамин ҳолат дар фазо рух дод, худи экипаж метавонад ба воситаи алоқа ба дигар киштиҳои хавоӣ, ки дар як коридори ҳавоӣ парвоз мекунанд, огоҳ карда кумаки бевосита расонад. Дар ин ҳолат дигар экипажхо метавонанд пешакӣ кӯшиш кунанд, ки эшелонро тағир (ё каме иваз) диҳанд ва ба сатҳи дигари парвоз гузаранд.
Чун қисмати зиёди Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳад, чунин ҳолатҳои хатарноки турбулентӣ дар хатсайрҳои маҳаллӣ ҳам дар ҳавои соф ва ҳам дар ҳавоҳои абрнок зуд-зуд рух медиҳанд.
Чанде пеш ҳолати турбулентӣ дар хатсайри Хоруғ-Душанбе рух дод, ки дар натиҷаи таҷрибаи баланди мутахассисони соҳа ин ҳолат бе ягон душворӣ паси сар шуд. Чунки аз тарафи мухандис-метеоролог ба экипаж пешгӯии ҳодисаҳои хавфнок (яъне турбулентӣ) дар самти муайян, ки ба хамин минтака хос аст, пешниҳод карда шуд.
Бо мақсади мусоидат ба экипаш ва пешгирии ҳолатҳои турбулентӣ мутахассисони Маркази авиатсионии метеорологӣ ҳангоми дастурҳо ба экипаж ҳуҷҷатҳои парвозро низ месупоранд, ки харитаи зуҳуроти хатарнок, харитаи ҳарорат ва самти шамол дар сатҳи парвоз, яъне дар эшелон, иттилооти оперативӣ дар масир ва ба таври илова обу ҳавои бортҳоро дар бар мегирад. Чунин иттилоотҳо ба онҳо кӯмак мекунад, ки парвози худро ба нақша гиранд ва аз минтақаҳое ки дар он ҷо абрҳои хатарнок ва махсусан абрҳои кумулонимбус бо борон ва раъду барқ ба вуҷуд меоянд, канорагирӣ намоянд.
Малака ва дониши касбии метеорологҳо, техника ва таҷҳизотҳои метеорологие, ки дар корхона ва филиалҳои он таҷдид шудаанд, сатҳу сифати хизматрасонии мутахассисони марказро баланд бардошта, дар таъмини бехатарии парвозҳо ва пшараф ешгӯии маълумотҳои метеорологӣ мусоидат менамояд.
-Барои суҳбати самимӣ ба Шумо арзи сипос намуда, дар иҷрои вазифаҳои душвору заҳматталаб
бароятон бурдбориҳо таманно менамоем.
Иброҳимзода Муҳаббат,
Сармутахассиси маркази матбуоти
КВД “Тоҷикаэронавигатсия”