Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

СОХТМОНИ МАНОРАИ МУНАЗЗИМӢ ДАР ХУҶАНД

СОХТМОНИ МАНОРАИ МУНАЗЗИМӢ ДАР ХУҶАНД
293

Чоп кардан

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии авиатсионӣ дар филиали КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар шаҳри Хуҷанд сохтмони Маркази идораи ҳаракати ҳавоӣ ва манораи муназзимӣ оғоз гардида, раванди сохтмон тибқи нақша ба роҳ монда шудааст.

“Тибқи лоиҳаи тарҳрезигашта сохтмони бино дар 1 га замин пешбинӣ гардида, аз таҳхона, ошёнаи якум, ошёнаи дуюм ва манора иборат мебошад. Илова бар ин баҳри дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи сохтмони иншоотҳои соҳаи авиатсия бунёд ёфтани манора чораҳои зарурӣ андешида шуда, диққати махсус ба сифати масолеҳи сохтмонӣ равона гардидааст”, - қайд намуд директори филиали мазкур Шодизода Шоҳин.

Мувофиқи нақша харидорӣ ва насб гардидани техника ва таҷҳизотҳои аэронавигтсионӣ низ дар мади назари роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” қарор дошта, пас аз ба истифода супоридани иншооти мазкур зина ба зина амалӣ хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки пас аз ба итмом расидани сохтмони бино ва манораи муназзимӣ, ки дар заминҳои ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд” воқеъ дар шаҳраки Ғафуров, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қомат меафрозад, шароити фаъолияти кормандон беҳтар гардида, сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба парвозҳои дохиливу хориҷӣ баланд ва бехатарии парвозҳо таъмин мегардад.  

         Маркази матбуоти

   КВД “Тоҷикаэронавигатсия”