МОНЕАЕ ДАР РУШДИ УМУМИМИЛЛӢ
Санаи 31-уми майи соли равон дар толори маҷлисгоҳи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” вохӯрии роҳбарият ва кормандон бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсиияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони адлия Сайфиддинзода Нуриддин баргузор гардид.
Ҳамоишро ба сухани муқаддимавӣ муовини директори генералӣ Саидзода Раҳимҷон ифтитоҳ намуда, атрофи дар амал татбиқ гардидани “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва роҳҳои пешгирии ин амалӣ номатлуб ибрози назар намуд.
“То ба имрӯз 400 санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардидааст, аммо то ҳол дар ҷомеа мушкилиҳои гуногун доир ба рух додани амалҳои коррупсионӣ ба назар мерасанд. Бо мақсади ошкор ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ дар ҳаёти ҳаррӯза “Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият” (хавфҳои коррупсионӣ) тасдиқ ва дар доираи таҳлили ҳуҷҷати мазкур 110 адад хавфҳои коррупсионӣ ошкор гардид”, - қайд намуд Сардори шуъбаи шартномавӣ-ҳуқуқии корхона Изатуллоев Шараф зимни суханронии хеш.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки ҳадафи методологияи мазкур ошкор намудани омилҳои институтсионалӣ, ки ба коррупсия мусоидат менамоянд ё метавонанд ба он замина гузоранд ва ҳамчунин таҳияи тавсияномаҳо оид ба аз байн бурдани натиҷаҳои таъсири онҳо мебошад.
“Ба ҳолатҳои коррупсионӣ гирифтор шудани шаҳрвандони кишвар дар паст будани маърифати ҳуқуқии он мебошад. Яке аз ҳадафҳои эълон гардидани соли 2024 – ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ин пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ дар ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад”, - иброз дошт дар идомаи ҳамоиш нозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсиияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони адлия Сайфиддинзода Нуриддин.
Дар фарҷом миёни Сайфиддинзода Нуриддин ва аҳли кормандон атрофи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” музокирот сурат гирифт.
Маркази матбуоти
КВД “Тоҷикаэронавигатсия”