ШИРКАТИ НАМОЯНДАГОНИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” ДАР CANSO GLOBAL ATM SUMMIT 2024
12-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Боку Саммити умумиҷаҳонии идоракунии ҳаракати ҳавоии CANSO-2024 (CANSO Global ATM Summit 2024) оғоз гардид, ки дар он муовини якуми директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Шодмонбекзода Даврон ширкат дорад.
Мавзӯи чорабинии имсоларо устувории муҳити зист, бахусус мубориза бо тағйирёбии иқлим дар бар гирифта, дар ҷараёни ҳамоиш ширкаткунандагон мавзӯъҳои коҳиши партовҳои карбон, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, такмили раванди идоракунии ҳаракати ҳавоӣ бо ҳадафи ноил шудан ба парвозҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дигарро баррасӣ менамоянд.
Директори генералии CANSO Саймон Хоккар зимни баромади худ таъкид намуд: “Саноати авиатсияи ҷаҳон ба ояндаи устувор ниёз дорад, аз ин рӯ мо бояд масоили коҳиши партовҳои газҳои гулхонаиро ҳал намоем”.
Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни ин ҳамоиш намояндагон аз кишварҳои ҷаҳон дар бахши идораи ҳаракати ҳавоӣ ва аъзои CANSO дар баҳсу баррасии масоили калидӣ ва қабули қарорҳои муҳим барои ояндаи ташкилоти мазкур ширкат меварзанд.
Масъули бевоситаи саммити “CANSO Global ATM Summit 2024”, ки то 13-уми июни соли 2024 идома хоҳад кард, Идоракунии ҳаракати ҳавоии “Азераэронавигатсия” (AZANS)-и ширкати ҶСП “Azerbaijan Airlines” мебошад. Ҳамзамон ҳафтаи ҷорӣ баргузории 28-умин Маҷлиси умумии солонаи ташкилоти мазкур пешбинӣ гардидааст.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”