МУЛОҚОТҲОИ ПУРСАМАР ДАР ДОИРАИ CANSO GLOBAL ATM SUMMIT 2024
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо ибтикори Идоракунии ҳаракати ҳавоии “Азераэронавигатсия” (AZANS)-и ширкати ҶСП “Azerbaijan Airlines” дар ҳамокори бо Ташкилоти хизматрасониҳои аэронавигатсионии гражданӣ (CANSO) аз санаи 11-ум то 13-уми июни соли 2024 Саммити умумиҷаҳонии идоракунии ҳаракати ҳавоии CANSO-2024 (CANSO Global ATM Summit 2024) дар шаҳри Боку баргузор гардид.
Дар доираи ширкати худ дар саммити мазкур муовини якуми директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Шодмонбекзода Даврон бо директори CANSO Саймон Хоккар ва ҷонишини директори Саридораи фурудгоҳҳои давлатии Ҷумҳурии Туркия Ҷенгиз Пашаоғлу мулоқот анҷом дода, ҷонибҳо масоили зиёд намудани парвозҳои транзитӣ бо истифода аз роҳи ҳавоии мустақими миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро баррасӣ намуданд.
Ҳангоми мулоқот директори генералӣ ва раиси Шӯрои иҷроияи назорати ҳаракати ҳавоии Ҳоланд Мишел ван Дорст КВД “Тоҷикаэронавигатсия”- ро бо шомил гардидан ба CANSO табрик, оид ба саҳми КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар таъмини бехатарии парвозҳо дар фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон зиёд гардидани ҳаракати ҳавоӣ фикру андешаи худро иброз ва саҳми корхонаро дар таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар минтақа муҳим арзёбӣ намуд.
Ёдовар бояд шуд, ки “CANSO Global ATM Summit 2024” намояндагон ва роҳбарони корхонаҳои аэронавигатсионӣ ва истеҳсолкунандагони таҷҳизоти хизматрасонии аэронавигатсиониро аз 42 кишвари рӯи олам бо ҳам оварда, зиёда аз 70 нафар мутахассисон масоили устувории муҳити зист, бахусус мубориза бо тағйирёбии иқлим, коҳиши партовҳои карбон, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ва такмили раванди идоракунии ҳаракати ҳавоӣ бо ҳадафи ноил шудан ба парвозҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаро баррасӣ намуданд.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”