МАНБАЪҲОИ УСТУВОРИ СӮЗИШВОРӢ АФЗАЛИЯТ ДОРАНД
Дар натиҷаи бемайлони сафарҳои ҳавоӣ мушкилоти ихроҷи карбон бештар ба назар мерасад, новобаста аз он ки имрӯз зимни саёҳати ҳавоӣ танҳо тақрибан 2,5% партовҳои гази карбон ихроҷ мегардад.
Айни замон танҳо тақрибан 20% аҳолии ҷаҳон мунтазам тавассути ҳавопаймо сафар мекунанд, аммо Aviation Benefits пешгӯӣ менамояд, ки дар 10 соли оянда беш аз 2050 миллиард мусофир парвоз хоҳанд кард. Ин ба он оварда мерасонад, ки ҳавопаймоҳо тақрибан 1,8 миллиард тонна CO2 ихроҷ менамоянд. Ва метавонад ин шумор боиси нигаронӣ гардад, дар ҳоле ки ягон чораҳои зарурӣ андешида нашаванд.
Дар ин робита ширкати “Airbus” ба ӯҳда гирифтаст, ки то соли 2035 аввалин ҳавопаймои тиҷоратии бидуни ихроҷи гази карбон (углеродно-нейтральный коммерческий самолет)-ро таҳия намояд. Ширкати ҳавопаймоии аврупоӣ ба нақша гирифтааст, ки ба ҷои сӯзишвории бункерӣ се навъи ҳавопаймоҳои тиҷоратӣ истеҳсол намояд, ки бо гидроген парвоз менамояд. Истифодаи гидроген барои саёҳат метавонад партовҳои карбонро ба таври назаррас коҳиш диҳад. Ягона партови гидроген, ки ҳосил мешавад – об аст.
Шояд муҳимтар аз ҳама, зичии энергияи гидроген аз рӯи масса аз сӯзишвории реактивӣ, ки ҳоло истифода мешавад, се маротиба зиёдтар аст, аммо дар табиат гидроген дар ҳолати газӣ дар ҳарорати муқаррарӣ мавҷуд аст ва барои нигоҳ доштан ҳамчун сӯзишвории реактивӣ он бояд ба моеъ табдил дода шавад. Инро мушкилӣ метавон арзёбӣ кард, зеро зичии энергияи нитрогени моеъ нисбат ба сӯзишвории ҳавопаймоии анъанавӣ камтар аст.
Ширкати “ZeroAvia”, ки соли 2017 таъсис ёфтааст, кӯшиш намуд, ки ин мушкилиро бо системаи гибридии сӯзишвории гидрогении аккумуляторӣ ҳал намояд. Дар натиҷа бо маблағгузории ҳукумати Британияи Кабир, ширкати “ZeroAvia” тавонист дар моҳи сентябри соли 2020 фаъолияти аввалин ҳавопаймои тиҷоратии бо сӯзишвории гидроген парвозкунандаро ба роҳ монад. Ин парвоз ҳамагӣ ҳашт дақиқа давом ёфт, вале ширкат ният дорад дар ояндаи наздик суръати парвози ҳавопайморо бо истифода аз сӯзишвории гидроген тақвият бахшад.
Бо шарафотаи маблағгузории Билл Гейтс, Ҷефф Безос, ширкати “British Airways” ва дигарон бо маблағи 21,3 миллион доллари ИМА ширкати “ZeroAvia” дар соли 2023 ҳавопаймои тиҷоратиеро бо фарогирии 19 курсӣ муаррифӣ намуда, дар соли 2026 ва соли 2030 истеҳсоли ҳавопаймоҳои тиҷоратии дигарро дар ҳаҷми 50 ва 100 ҷои нишаст нақша дорад.