Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ШИРКАТ ДАР КОНФРОНСИ C5+1

ШИРКАТ ДАР КОНФРОНСИ C5+1
449

Чоп кардан

Санаи 17-уми июни соли 2024 дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин Конфронси Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкориҳои авиатсияи граждании Чин ва Осиёи Марказӣ (C5+1) кори худро оғоз намуд, ки дар он роҳбарият ва намояндагони Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Чин ширкат варзиданд. Муовини сардори Раёсати рушд КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Урози Раҳмон низ дар кори конфронси мазкур ширкат ва суханронӣ намуд.

Дар чаҳорчӯбаи конфронс мутахассисони соҳа масъалаҳои пурзӯр намудани таъмини бехатарии парвоз дар минтақа ва ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаро баррасӣ намуданд.

Дар доираи ширкати худ дар кори конфронси мазкур намояндаи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо муовини якуми директори генералии Бюрои ҳаракаи ҳавоии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин Миао Шуан ва дигар намояндагону мутахассисони Бюрои мазкур вохӯрии судманд анҷом дод. Зимни мулоқот ҷонибҳо барои вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ омодагии худро изҳор намуданд.

Доир ба аҳамияти бузурги ифтитоҳи хати ҳавоии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки соли 2023 амалӣ гардид, табодули афкор сурат гирифта, оид ба татбиқи марҳилаи дуюми он ҳусни тафоҳум карда шуд.

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”