Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХУШХАБАР! Тоҷикистон ба CANSO ҳамчун узви нави комилҳуқуқ шомил гардид

ХУШХАБАР! Тоҷикистон ба CANSO ҳамчун узви нави комилҳуқуқ шомил гардид
378

Чоп кардан

Ташкилоти хизматрасониҳои аэронавигатсионии гражданӣ (CANSO) дар сомонаи расмии худ Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо муносибати шомил гардидан ба ташкилоти мазкур табрик намуд. Дар сомонаи расмии ташкилоти мазкур чунин зикр гардидааст: “CANSO бо хушнудӣ эълон менамояд, ки таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ (ANSP)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” ба узвияти нави он шомил гардид.”

Симон Хоккар, директори генералии CANSO зимни суханронӣ дар 28-умин Маҷлиси умумии солонаи (AGM) ташкилоти мазкур изҳор намуд: “Мо аз истиқболи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҳамчун узви CANSO шодем”.

Ҳамчунин илова гардид: “Таҷриба ва уҳдадориҳои КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар таъмини хизматрасониҳои бехатар ва самараноки аэронавигатсионӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҷидду ҷаҳди муштараки мо дар роҳи беҳтар намудани манзараи авиатсионии ҷаҳонӣ боз ҳам тақвият хоҳад дод. Мо бесаброна иштироки фаъолонаи корхонаро дар фаъолият ва ташаббусҳои CANSO ҳастем.”

Муовини якуми директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Шодмонбекзода Даврон таъкид намуд: “Мо аз шомил шудан ба CANSO ба ҳайси узви комилҳуқуқ шодем ва итминон дорем, ки узвияти мо ба мо имкон медиҳад, ки иқтидори худро тақвият бахшем, таҷрибаи пешқадамро мубодила ва дар ҳамкорӣ бо намояндагони таҷрибадори соҳа мусоидат намоем. Мо бесаброна иштироки фаъол дар шабакаи CANSO-ро интизорем, ки дар ниҳояти кор ба ҷомеаи авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нафъ мебахшад”.

Тасмими мазкур уҳдадориҳои КВД “Тоҷикаэронавигатсия”-ро барои нигоҳ доштани стандартҳои баландтарини хизматрасонии аэронавигатсионӣ ифода намуда, аҳамияти афзояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар манзараи авиатсионии ҷаҳонӣ таъкид менамояд.

CANSO КВД “Тоҷикаэронавигатсия”-ро ба муносибати узвияташ табрик намуда, интизори ҳамкории зич ҷиҳати рушди хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он мебошад.