Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ГУЗАРИШ БА ДАВРИ ТОБИСТОНАИ ПАРВОЗ БА ШИРКАТҲОИ ҲАВОПАЙМОӢ ВА ПАРВОЗҲО ЧИ ГУНА ТАЪСИР МЕРАСОНАД?

ГУЗАРИШ БА ДАВРИ ТОБИСТОНАИ ПАРВОЗ БА ШИРКАТҲОИ ҲАВОПАЙМОӢ ВА ПАРВОЗҲО ЧИ ГУНА ТАЪСИР МЕРАСОНАД?
281

Чоп кардан

Даҳҳо кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар моҳи март ба вақти тобистон гузашт ва ин бевосита ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва мусофирон таъсир мерасонад.

Авиатсияи гражданӣ дар ду мавсим — зимистон ва тобистон фаъолият менамояд, ки комилан бо вақти зимистон ва тобистон мувофиқат мекунанд.

Соли 2024 мавсими тобистонаи навигатсионии парвозҳо дар авиатсияи гражданӣ аз 24-уми марти соли 2024 оғоз гардида, то 26-уми октябри соли 2024 идома хоҳад намуд.

Мавсими зимистон ду сол тӯл мекашад, ки 27-уми октябри соли 2024 оғоз ва 29-уми марти соли 2025 ба анҷом мерасад.

 

Ҳафтаҳо, ҳатто моҳҳо пеш аз он ки соатҳо ба вақти тобистон иваз шаванд, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҷадвалҳои нави тобистонаро ба нақша мегиранд, ки ҳам хатсайрҳои нав ва ҳам афзоиши шумораи парвозҳо дар хатсайрҳои мавҷудбударо дар бар мегирад. Шарҳ оддӣ аст – бо гармшавӣ ва афзоиши соатҳои рӯз, одамон ба сафарҳои бештар шурӯъ мекунанд.

Масалан, бузургтарин ширкати ҳавопаймоии Аврупо “Ryanair” дар мавсими тобистони соли 2024 афзоиши шумораи рекордии парвозҳоро ба Будапешт, Катания, Краков, Познан, Катовитсе ва Порто, бузургтарин ширкати ҳавопаймоии Олмонии “Lufthansa” дар мавсими навигатсияи тобистона аз фурудгоҳҳои пойгоҳи худ дар Франкфурт ва Мюнхен ба Кишинёв, Тронхайм, Нант ва Оулу ва ширкати “Austrian Airlines” аз Вена ба Бостон ба роҳ мемонанд.

Ширкатҳои ҳавопаймоӣ тамоюлҳои солҳои гузашта, инчунин тағйироти нави талабот ба парвозҳоро бодиққат таҳлил намуда, парвозҳоро дар он масирҳо пешниҳод менамоянд, ки даромади ҳадди аксар ба даст оранд. Агар ба ҳисоботи молиявӣ назар андозед, маълум мешавад, ки дар зимистон ширкатҳои ҳавопаймоӣ одатан зарар дида, дар тобистон зарари молиявии худро тавассути афзоиши парвозҳо ҷуброн менамоянд, ки ин ба бе мушкилӣ паси сар намудани мавсими зимистони оянда заминаи молиявӣ фароҳам меорад.

Аммо оғози мавсими тобистон на танҳо даромади иловагии ширкатҳои ҳавопаймоиро дорад. Мусофирон низ нафъ мебинанд/бурд мекунанд - онҳо имкони бештари парвозро ба даст меоранд, зеро дар тобистон парвозҳои мустақим, инчунин шумораи парвозҳо афзоши меёбанд.