Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

САҲМИ ФЕДЕРАТСИЯ ДАР РУШДИ ГӮШТИНГИРИИ МИЛЛИИ ТОҶИК

САҲМИ ФЕДЕРАТСИЯ ДАР РУШДИ ГӮШТИНГИРИИ МИЛЛИИ ТОҶИК
379

Чоп кардан

Бо ташаббус ва роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси Миллии маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гуштини миллӣ (гӯштингирӣ) мақоми байналмилалӣ касб намуда, дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид. Илова бар ин, 17-уми июни соли 2022 Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати адлия ва умури дохилаи Кантони шаҳри Тсюрих Швейтсария мақоми байналмилалӣ гирифта, ҳамчун Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ расман номнавис шуд, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Бо мақсади ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа, аз ҷумла ҷавонону наврасон ва сокинони кишвар ба бозиҳои миллии варзишӣ ва муаррифии намудҳои миллии варзишии тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, бахусус гӯштини миллӣ – Гӯштингирӣ, Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ корҳои назаррасро, аз ҷумла таҳияи либоси варзишии ягонаи гӯштингирӣ, қоидаҳои нави гӯштингирӣ ва ташкилу баргузор гардидани мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалиро анҷом дод.

Ҳамзамон федератсия дар баробари баргузории мусобиқаҳои варзишии гӯштингирии сатҳи ҷумҳуриявӣ, чемпионатҳои сатҳи баланди байналмилалии варзиширо дар кишвар баргузор намуд, ки як қадами устувор дар муаррфии гӯштини миллии тоҷик буд. Дар баробари ин бо ҳадафи рушди ин варзиши миллӣ аз ҷониби федератсия курсҳои бозомӯзиро бо мураббиён ва доварон гузаронида шуда, таъмини ширкати доварон семинар-машваратҳои сатҳи байналмилалӣ дар соҳиб гаштани онҳо ба Сертификати довари дараҷаи байналмилалӣ мусоидат намуд.

Айни замон бо талошҳои роҳбарияти федератсия намояндагиҳои Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳуриҳои исломии Эрон ва Покистон ифтитоҳ ва фаъолияти худро оғоз намуданд. Тибқи нақшаи дурнамои федератсия дар 5 соли наздик ифтитоҳи чунин намояндагиҳо дар беш аз 60 давлати ҷаҳон, дар қитъаҳои Аврупову Осиё ва Африқову Амрико пешбинӣ гардидааст, ки иқдоми дигар дар таблиғу ташвиқи гуштини миллӣ ба ҳисоб меравад.

Таъкид ба ёдоварист, ки федератсия дар ташкилу баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар кишвар, тарғиби ҳаёти солим ва таҳкиму рушди анъанаҳои миллӣ, ҳавасманд ва дастгирии варзишгарони тоҷик дар ҷомеаи муосир нақши калӣ дорад.  

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”