Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

АФЗОИШИ ХИЗМАТРАСОНИИ АЭРОНАВИГАТСИОНӢ ДАР ШАШМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2024

АФЗОИШИ ХИЗМАТРАСОНИИ АЭРОНАВИГАТСИОНӢ ДАР ШАШМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2024
578

Чоп кардан

Дар баробари насби таҷҳизоти метеорологӣ дар майдони чархболнишини як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар, дастрас ва насбу васл намудани як зумра воситаҳои таъминоти радиотехникӣ, метеорологӣ ва дигар воситаҳои техникӣ, таъмири таҷҳизоти низоми МЛАТ дар мавзеъи Фахробод, дастрасии маълумотномаҳои рақамӣ аз майдончаҳои метеорологии Мурғоб, Хоруғ ва Ванҷ то шаҳри Душанбе, ивази трансформатори 160 кВА барои таҷҳизотҳои низоми МЛАТ дар мавзеъи “Баландӣ”- и ноҳияи Хуросон, тамдиди мӯҳлати иҷозатнома ва шаҳодатномаи истифодабарии низоми МЛАТ-и ҷанубӣ то соли 2026, бақайдгирии  давлатии ҳавопаймои бесарнишини навъи DJI Mavic 3 PRO CINE барои муоинаи фосилавии ҳолати техникии антеннаҳои корхона ва тамдиди муҳлати истифодабарии шаҳодатномаҳои радиолокаторҳои ВРЛ “Корень-АС” ва “Экран-85” ТК то моҳи июни соли 2027-ро ба анҷом расонид.

Нишондиҳандаҳои мазкур дар ҷамъбасти фаъолияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар шаш моҳи аввали соли 2024, ки бо иштироки муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Азиз Абдусамад, роҳбарият ва кормандони корхона вобаста баргузор шуд, зикр гардид.

 

“Дар натиҷаи барқарор гардидани иҷроиши парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ, зиёд гардидани ҷуғрофияи парвозҳо, амалӣ гардидани парвозҳои транзитӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷиву ватанӣ тавассути ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон корхона ва филиалҳои он ба 33 379 адад киштиҳои ҳавопаймоӣ хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ таъмин намуд”, - гуфт дар суханронии худ муовини якуми директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Даврон Шодмонбекзода. 

 

Нишондиҳандаи мазкур дар шаш моҳи аввали соли 2024 муқоиса ба соли 2023 8 133 адад ё ин ки 32% зиёд мебошад. Дар ин давра теъдоди парвозҳои транзитӣ 22 038 ададро ташкил дод, ки 9 119 адад, ё ин ки 70,5% зиёд нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 аст.

Дар ҷаҳорчӯбаи иқдомҳои роҳбарияти корхона оид ба омӯзиши касбӣ ҷалб намудани кормандон ва ба ин васила баланд бардоштани тахассуси касбӣ ва моҳароти онҳо 2 нафар танзимгари ҳаракати ҳавоӣ дар давлати Ҷопон курсҳои такмили ихтисосро оид ба таҳия ва гузаронидани санҷиши муқаррароти парвозҳо (FPD Flight Validation) бо муваффақият хатм намуданд. Бо мақсади баланд бардоштани ихтисос ва мутобиқат ба стандартҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии метеорологӣ 9 нафар мутахассиси Маркази авиатсионии метеорологии корхона дар курсҳои такмили ихтисос тибқи стандарти Ташкилоти умумиҷаҳонии метеорологӣ дар Маркази метеорологии Федератсияи Россия таълим гирифта, соҳиби диплом ва сертификат гардиданд.

 

Муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Азиз Абдусамад сараввал оид ба нақши эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” суханронӣ намуд. Таъкид гардид, ки ҳадаф ин  баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

 

Баъдан фаъолияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар нимсолаи аввал қаноатбахш арзёби гардид. “КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар ифтитоҳи долонҳои нави ҳавоӣ, вусъат додани ҳамкориҳо бо шарикони хориҷи кишвар ва ташкилотҳои бонуфузи авиатсияи гражданӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии аэронавигатсионӣ, ки барои рушди авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи назаррас мегузорад, нақши калидӣ дорад”, - қайд намуд Азиз Набизода.

Дар фарҷом ёдовар гардид, ки новобаста ба муаммоҳои ба миён омода ва мушкилиҳои ҷойдошта КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати банақшагирию ҳамоҳангсозии истифодаи фазои ҳавои ҷумҳурӣ, қонеъ гардонидани талаботи ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ, таъмини бехатарии парвозҳо, мунтазамии парвозҳои байналхалқию маҳаллӣ ва транзитӣ, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иқтисодию молиявӣ ва истеҳсолӣ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии пешбинигардида, вазифаю уҳдадориҳои ба зиммааш гузошташударо мутобиқ ба қонунгузории ҷумҳурӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба роҳ мондааст. 

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”