ТАКМИЛИ ДОНИШҲОИ МУҲАНДИСӢ ДАР КОРЕЯИ ҶАНУБӢ
Дар доираи иқдомҳои роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар баланд бардоштани малакаи тахассусии кормандон Хусрав Мусоев техники радиолокатсия ва радионавигатсияи объекти МРТП уқдаи радиолокатсионӣ ва радионавигатсионии Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ (РТРТПваАБА)-и КВД “Тоҷикаэронавигатсия” барои такмили ихтисос ба Кореяи Ҷанубӣ сафарбар гардид.
Курси такмили ихтисоси “Хизматрасонии муҳандисии аэродромии алоқа, навигатсия ва назорат (Aerodrome CNS Engineering)” аз санаи 10-уми июли соли ҷорӣ дар Академияи авиатсионии фурудгоҳи Инчоени шаҳри Сеул, Кореяи Ҷанубӣ оғоз гардида то 16-уми июли соли 2024 идома меёбад.
Дар ин муддат тақрибан 20 нафар мутахассисон аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар академияи мазкур идора намудани лоиҳа оид ба насби CNS, санҷиши заминии иншооти CNS, санҷиши иншооти парвози CNS ва бартараф намудани мушкилии системаи CNS-ро меомӯзанд.
Ҳадафи омӯзиши мазкур ба муҳандисони CNS таъмин намудани донишу малакаи зарурӣ оид ба татбиқи зарурии расмиёт ва равандҳои CNS барои ноил шудан ба фаъолият ва хизматрасонии техникии бехатар ва самаранок мувофиқи стандарт ва таҷрибаҳои тавсияшуда (SARPs) мебошад.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”